Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки барои ширкат дар маросими савгандёдкунии раисҷумҳури Эрон Масъуди Пизишкиён ба ин кишвар сафар карда буд, бомдоди имрӯз чоҳоршанбе 31.07.2024 дар маҳалли иқоматаш дар Теҳрон террор шуд ва ба ҳамроҳи яке аз муҳофизонаш ба шаҳодат расид.
ИКНА - Раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме дар пайи шаҳодати шаҳид Исмоил Ҳания эълон карданд: Режими саҳюнии ҷинояткору террорист, бо ин иқдом заминаи муҷозоти сахтеро барои хӯд фароҳам сохт.
Матни паёми Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун
Миллати азизи Эрон! Раҳбари шӯҷоъ ва муҷоҳиди барҷастаи фаластинӣ ҷаноби оқои Исмоил Ҳания дар саҳаргоҳи дишаб ба лиқоуллоҳ пайваст ва ҷабҳаи азими муқовимат азодор шуд.
Режими саҳюнии ҷинояткору террорист, меҳмони азизи моро дар хонаи мо ба шаҳодат расонид ва моро доғдор кард, вале заминаи муҷозоти сахт барои хӯдро низ фароҳам сохт.
Шаҳид Ҳания солҳо ҷони гиромиашро дар майдони мӯборизаи шарофатмандона бар сари даст гирифта ва омодаи шаҳодат буд, ӯ фарзандону касони хӯдро дар ин роҳ тақдим карда буд. Ӯ аз шаҳид шудан дар роҳи Худо ва наҷоти бандагони Худо бок надошт, вале мо дар ин ҳодисаи талху сахт, ки дар ҳарими Ҷумҳурии исломӣ иттифоқ афтодааст, хӯнхоҳии ӯро вазифаи хӯд медонем.
Инҷониб ба уммати исломӣ, ба ҷабҳаи муқовимат, ба миллати шӯҷоъ ва сарафрози Фаластин ва билхусӯс ба хонадону бозмондагони шаҳид Ҳания ва яке аз ҳамроҳонаш, ки бо вай ба шаҳодат расидааст, таслият арз мекунам ва улувви дараҷоти ононро аз Худованди Мутаъол масъалат менамоям.
Сайид Алии Хоманаӣ
10 мурдоди 1403
Мусодиф бо 25 муҳаррами 1446
31-07-2024