Масъуди Пизишкиён дар даври дувуми интихоботи чордаҳӯмин давраи раёсатҷумҳурии ҶИЭ, ба унвони нуҳӯмин раисҷумҳури Эрон бо ҳудуди 17 миллион раъй ба пирӯзӣ расид. Раҳбари олии ҶИЭ оятуллоҳ Хоманаӣ ба ҳамин муносибат ба мардум барои ҳузур ва интихоб ва ба номзади мунтахаб табрик гӯфт ва ҳамаро ба кору талош ва ҳамдилӣ даъват кард. Ин интихобот рӯзи ҷумъа 5/07/2024 бо мушорикати ҳудуди 50% аз дорандагони шароити раъй додан баргӯзор шуд.

Матни паём ба шарҳи зер аст:

Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим

Валҳамду лиллоҳи раббил-оламин вассалоту вассалому ало сайидино Муҳаммадин ва олиҳит-тоҳирин сиямо Бақиятуллоҳи (Рӯҳи фидоҳу)

Худои азиз ва раҳимро сипос, ки бо ирода ва тавфиқи ӯ миллати бузӯрги Эрон тавонист, пас аз мусибати сангини фуқдони раисҷумҳури шаҳид, дар муддати кӯтоҳи қонунӣ, саҳнаи интихоботи раёсатҷумҳуриро сомон диҳад ва дар ду ҷумъаи паёпай, интихоботи озод ва шаффоф баргӯзор кунад ва аз миёни чанд номзад, бо аксарияти оро раисҷумҳури кишварро баргӯзинад.

Масъулони мӯҳтарами баргӯзории интихобот, бо шитоби лозим ва амонати комил, вазоифи хӯдро анҷом доданд ва мардуми азиз, бо эҳсоси масъулият ба майдон омаданд ва саҳнаи гарм ва пуршӯр офариданд ва сандуқҳои интихоботиро дар ду марҳила бо беш аз 55 миллион раъй анбоштанд.

Ин ҳаракати бузӯрг дар рӯёрӯӣ бо ғавғои дастсози таҳрими интихобот, ки дӯшманони миллати Эрон барои илқои ноумедӣ ва бунбаст ба роҳ андохта буданд, кори дурахшон ва фаромӯш нашуданӣ аст ва ҳамаи номзадҳои мӯҳтарам ва ҳамаи касоне, ки барои пирӯзии ҳар як аз онон, ҳафтаҳо талоши шабонарӯзӣ карданд, дар ифтихор ва савоби он шариканд.

Акнун миллати Эрон раисҷумҳури хӯдро интихоб кардааст. Инҷониб бо табрик ба миллат ва ба раисҷумҳури мунтахаб ва ба ҳамаи фаъолони ин саҳнаи ҳассос махсусан ҷавонони пуршӯри ситодҳои интихоботи номзадҳо, ҳамагонро ба ҳамкорӣ ва некандеш барои пешрафт ва иззати рӯзафзуни кишвар тавсия мекунам. Шоиста аст, рафторҳои рақобати даврони интихобот ба ҳинҷорҳои рафоқат табдил шавад ва ҳар кас дар ҳади тавони хӯд барои ободонии моддӣ ва маънавии кишвар талош кунад.

Ба ҷаноби оқои доктор Пизишкиён раисҷумҳури мунтахаб низ тавсия мекунам бо таваккӯл ба Худованди раҳмон ба уфуқҳои баланд ва равшан чашм бидузанд ва дар идомаи роҳи шаҳид Раисӣ аз зарфиятҳои фаровони кишвар ба вижа манобеи инсонии ҷавон ва инқилобӣ ва мӯъмин, барои осоиши мардӯм ва пешрафти кишвар бештарин баҳраро бибаранд.

Бори дигар ҷабҳаи сипос бар даргоҳи ҳазрати Ҳақ мегӯзорам ва ба ҳазрати Бақиятуллоҳи Аъзам (Рӯҳи фидоҳу) дурӯд ва салом мефиристам ва ёди шаҳидони воломақом ва имоми бузургвори шаҳидонро гиромӣ медорам ва аз ҳамаи номзадҳои мӯҳтарам ва фаъолони арсаи интихобот, ки дар ин бурҳаи ҳассос нақшофаринӣ карданд ва низ расонаи миллӣ ва ҳофизони амнияти кишвар ва дастгоҳҳои иҷрои интихобот сипосгӯзорӣ мекунам.

Сайид Алии Хоманаӣ

1403/4/16

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст