НАВРӮЗ БО ТАДОБИРИ ШАДИДИ АМНИЯТӢ;
Бар асоси гузориши сомонаҳои хабарӣ, дафтари иттилоърасонии вазорати кишвар дар паёме тарҳи ТАДБИРИ АМНИЯТИИ ВИЖА БАРОИ БАРГУЗОРИИ АМНИ НАВРӮЗ-ро эълон намуд.
Бар асоси ин гузоришҳо аз рӯзи панҷшанбе, то поёни маросими вижаи Наврӯзӣ, ки бо ҳузури раисони ҷумҳуриҳои Покистон - Эрон - Афғонистон баргузор мегардад ин барнома идома хоҳад дошт.
Дар сафари ин раисони ҷумҳуриҳои минтақаи НАВРУЗ ба Тоҷикистон, қарор аст дар канори ҶАШНИ ҶАҲОНИИ НАВРӮЗ, Конфронси байналмилалии баррасии масоили Афғонистон ҳам баргузор гарадад.
Бар асоси ҳамон фармон, гаштҳои неруҳои назму амниятӣ дар пойтахт афзуда шуда ва рафту омадҳои нақлиётҳам ба танзим дароварда мешавад.
Дар ин рӯзҳо, ки аз шанбе 24-март ва баробар бо рӯзи 5-уми наврӯз(соли нави ҳиҷрии шамсӣ) бо вуруди меҳмонон оғоз мегардад, байни Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Аҳмадинажод Раиси ҷумҳурии исломии Эрон, Зардорӣ Раиси ҷумҳурии исломии Покистон ва Карзой Раиси ҷумҳурии исломии Афғонистон дидорҳои хусусӣ ва ҷамъӣ баргузор мегардад.
Охирин боре, ки инчунин вазъият дар Пойтахт иҷроӣ шуд ҷашни истиқлолият буд, ки Аҳмадинажод ва Медведов аз меҳмонони муҳими он буданд.
Раиси ҷумуҳрии исломии Эрон бори охир камтар аз шаш моҳ пеш ба кишвар сафар ва иншооти муштаракро ифтитоҳ намуда буд. Инбор ҳам интизор меравад қарордодҳои тиҷорӣ ва санъатии дигареро ҳам байни ду кишвар шоҳид бошем.