АНДЕША;
Худованд бандагонашро бо ду ҳодӣ ва расул дар дунёи пурталотум ва пур аз хайроту музиррот мухтор гузоштааст, то он роҳеро, ки мефаҳманду мепазиранд ихтиёр намоянд ва дар ин ихтиёр иҷбору зуре нест, чунон ки фармуд: икроҳу иҷборе дар (пазириши) дин нест.
Ва албатта бар ҳамин асос суннати Аллоҳ таъоло бар он шудааст, ки тағйире дар зиндагии инсонҳо эҷод накунад, магар он ки худашон бихоҳанд. Чунон ки фармуд: ҳамононо Аллоҳ таъоло тағйир намедиҳад (ҳеҷчизро) барои қавме, то ин ки худашон тағйир диҳанд!
Бинобар ин, бояд истифода аз қудрати андеша ва хиради инсониро дар чорчубаи Қуръон ва Суннат, сарлавҳаи зиндагии шахсӣ ва ҷамъӣ қарор диҳем, то саодати дунё ва охиратро касб намоем.
Нақл аст, ки рӯзе Исои Калим(а) бо ёронаш дар роҳ буд, бо ҷасади мурдаи саге рубарӯ шуданд ва ҳама даст бар дамоғ роҳи нафаси худро аз бӯи бади саг пушонданд! Исои набӣ(а) фармуд: чаро фақат бадии ӯро мебинед? ба дандонҳои сапеди ӯ ҳам баҳо диҳед!
Бале, омухтан ва касби таҷриба на фақат аз беҳтаринҳо ва бартаринҳост, ки Луқмони ҳақим фармуд: адаб зи беадабон омухтам!.
Бо дидани бандагони хубу бади Худованд ва хубиҳ ва бадиҳои ин зиндагӣ ва таҳаввули табиату ҳастӣ, ки ҳар сол ба амри илоҳӣ эҳё мегардад, бояд тааққулу тадаббур намуда зиндагии худро бори дигар назар ва аз нав бисозем. Чунон ки фармуд: бидонед, ки Худованд заминро баъд аз маргаш дубора зинда мекунад (Ҳадид.17) ва чунон ки Расули Аллоҳ фармуд: худро муҳосиба кунед, пеш аз он ки муҳосиба шавед.
Эй дигаргункунандаи қалбу дидаҳо
Эй тадбиркунандаи шабу рӯзҳо
Эй ҳолатдиҳандаи ҳолу аҳвол
беҳтарин ҳолро барои мо ато намо!
СОЛИ НАВИ ТАБИАТ, НАВРӮЗИ АҶАМ БАР ШУМО МУБОРАК БОД