НАВРӮЗ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ;

Бар асоси гузориши хабаргузориҳо, ба пешвози соли нави ҳиҷрии қамарӣ, идӣ табиат ва соли нави порсӣ дар шаҳри Душанбе конфронсия баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад, ки аҳли илму фарҳанг аз Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар канори мақомоти давлатӣ аз сафир ва мушовирони ду кишвар ширкат доштанд, Наврӯз ҳамчну иди миллӣ ва мазҳабии аҳолии ин сарзаминҳо муаррифӣ ва илова шуд, ки ин ид акнун ҷаҳонӣ шудааст ва бисёре аз кишварҳо онро қайд мегиранд.

Бар асоси тақвими ҷашни байналмилалии Наврӯз, қарор аст ин ҷашни ҷаҳонӣ рӯзҳои оянда дар Тоҷикистон баргузор гардад.

Ду соли гузашта баъд аз сабти ҷаҳонии ин ид дар СММ, Эрон мизбони ҷашнҳо будааст ва имсол навбати Тоҷикистон аст, то ин иди миллиро бо даъват аз меҳмонони хориҷӣ ҷашн бигирад.

Гузашта аз мушкилоти зиёде, ки мардуми кишвар доранд ва камбудиҳое, ки дар соҳаҳои гуногун кишварро гирифтор кардааст, метавон ин ҳаракатро барои сохтани беҳтари кишвар, баъд аз муаррифии он дар ин чорабиниҳо ба меҳмонони хориҷӣ истифода ва аз онҳо дархости ҳамкорӣ намуда онҳоро барои сохтану пешбурди хадамоти миллӣ ва кишварӣ ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Ҳамкориҳое, ки байни кишварҳои Эрон ва Тоҷикистон барои сохту сози кишвар дар соҳаҳои сохтумонӣ, роҳсозӣ, сад ва тунелҳо дар ҳоли иҷрост, ки бо ингуна барномарезиҳо мешавад бештар онҳоро ҷалбу даъват ва беҳтар аз шароити ин кишварҳо истифода намуд.

ИДИ НАВРӮЗРО БА ҲАМАГОН ТАБРИК МЕГУЕМ

 

 

Нигоҳи сомонаҳои ЭРОН ба ҷашни Наврӯз дар кишварамон

унвонҳоро зер кунед!

наврӯз ва шеъри тоҷикон

наврӯз дар Истаравшан

наврӯз иди оростагӣ ва эътидол

наврӯзи тоҷикон бо дин ва мазҳаб омехта аст

 

 

 

 

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст