Ҷашни издивоҷи ҳаштод нафар аз фарзандони тоҷик бо пуштибонии К.И имом Хумайнӣ(рҳ);
Ба гузориши ФОРС маросими бо шукуҳе барои ҳаштод нафар аз тоҷикдухтарон ва тоҷикписароне, ки қасди издивоҷ ва тӯйро доштаанд, аз тарафи Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Ин ҷашн ва маросими муборак, ки аз суннатҳои ҳасана ва муаккади динӣ аст, бо таъмини Кумитаи Имдод дар солҳои гузашта ҳам баргузор гардидааст, ки ин бор 80 нафарро ба хонаи бахт равон намуд.
Ин маросим ба муносибати солгарди таъсиси ин ниҳоди хайриявии имом Хумайнӣ(р) дар Ҳисор баргузор гаштааст. Дар маросим муовини фарҳангии ин ниҳод аз Эрон ҷаноби Миршикор ва раиси бахши тоҷикистонии он ҷаноби Сайидҷавод Разавӣ ширкат ва суханоне дар боби издивоҷ баён намуда ва бо баёни аҳодисе аз Расули Раҳмат(с) барои домоду арусони нав орзуи хушбахтӣ намудаанд.
Ба гуфтаи Акбар Миршикор, яке аз ифтихороти ин ниҳод дар давоми фаолияташ дар кишварҳои гуногун, таҳти ҳимоя қарор додани беш аз 10милион нафар аз ниёзмандон аст, ки ин як амри муборак ва хайре будааст.
Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ, ки ба фармони Раҳбари инқлиби исломии Эрон дар замони ҳаёташон таъсис шудааст, аз тариқи ҷамъоварии хайроти мардумӣ бо қарор додани сандуқҳои собит ва ғаёри собит дар саросари ин кишвар ва ҳамчунин истифода аз таъминоти хайирони бузург милёнҳо нафарро таҳти пушиш қарор додааст ва дар мавқеъи ҷанг, сел, зилзила ва дигар ҳаводиси зараровар дар Эрон ва дигар кишварҳои ҷаҳон фаолона ширкат мекунад ва ҳимояҳои таъминии худро мерасонад.
Аз ҷумла минтақаҳое, ки ин ниҳоди хайриявӣ то кунун ҳимоятҳои зиёде анҷом додааст, кишвари Тоҷикистон мебошад, ки баъд аз ҷанги дохилӣ ва ҳиҷрату сахтиҳои зиёд дар канори ниёзмандони тоҷикистонӣ будааст ва баъд аз сулҳ ҳам дар қолиби расмият ёфтан, то кунун барномаҳои мухталифе аз ҷумла ҳамин издивоҷҳои ҷамъиро таъмин ва пуштибонӣ намудааст.
тасовири ҷашни арусӣ /тӯй/ аз хабаргузории ФОРС