“Бунёнгузори инқилоби исломии Эрон, Имом Хумайнӣ рамзи пирӯзиро такя бар Худованд ва таолими Паёмбари азимушшаъни ислом (с) медонист.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, ду рӯз пеш (01.06.2011) дар шаҳри Душанбе ҳамоише бо унвони “Ҷойгоҳи Имом Хумайнӣ дар ҷаҳони муосир” бо ширкати ҷамъе аз фарҳехтагони тоҷик баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш, ки сафир ва ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд, андешмандон, шоирон ва муҳаққиқони тоҷик, ҳар як ба баёни бахшҳое аз абъоди вуҷудӣ ва шахсиятии Имом Хумайнӣ пардохтанд.

Гузашти замон, абъоди шахсиятии Имом Хумайниро ошкортар мекунад

Алиасғари Шеърдӯст сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар оғози ин маросим, бо ишора ба ин ки гузашти замон абъоди шахсиятии Имом Хумайниро ошкортар мекунад, баргузории чунин ҳамоишҳое пас аз гузашти ду даҳа аз реҳлати Имом Хумайниро баёнгари ин нукта донист, ки “Имом Хумайнӣ асаргузортарин чеҳраи қарни бист маҳсуб мешавад; амре, ки на танҳо дӯстонаш, балки мухолифони ин шахсияти бузург низ ба он эътироф доранд.”

Вай на танҳо эрониён, балки кулли форсизабононро дар такриму таҷлил аз Имом Хумайнӣ дар як ҷойгоҳ ва ҳамсӯ донист ва афзуд: “Ин муаллими бузург, бо илҳом аз таолими исломӣ, насле аз расулони маънавият ва порсоеро тарбият кардааст.”

Ин диплумоти эронӣ, ҳамаи мусалмононро вомдори рӯшангариҳои Имом Хумайнӣ донист ва тасреҳ кард: “Барои шинохти ҳар шахсияте, ба нисбати бузургӣ ва вусъати назари он шахсият, замон лозим аст.”

Шеърдӯст дар бахши дигаре аз суханонаш, таҳаввулоти кишварҳои Ховари Миёна ва шимоли Офриқоро натиҷаи паёмҳои бедорофарин ва ҳаётбахши Имом Хумайнӣ донист ва гуфт: “Бунёнгузори инқилоби исломии Эрон, рамзи пирӯзиро такя бар Худованд ва таолими Паёмбари азимушшаъни ислом (с) медонист.”

Сафири Эрон бо баёни ин ки “то кунун сафорат сӯҳбатҳои андешмандон ва олимони динӣ ва ғайридинӣ дар бораи Имом Хумайниро дар бархе китобҳо чоп кардааст”, омодагии сафорати Эронро барои интишори маҷмӯаи ашъори Имом Хумайнӣ ба хатти сириллик ва ё анҷом ва иҷроӣ кардани ҳар пешниҳоди мусбати дигаре дар ин замина эълом кард.

Муҳаммадҳусейни Ардуш ройзани фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон низ, тайи суханоне дар ин ҳамоиш, хотирнишон кард: “Имсол бисту дуюмин солрӯзи реҳлати ҳазрати Имом Хумайнӣ, бо таваллуди эшон, ки дар сеюмин моҳи шамсӣ, яъне хурдодмоҳ буд, мутақорин шуд; моҳе, ки нимаи он нуқтаи атфе дар пирӯзии инқилоби исломӣ аст.”

Ройзани фарҳангии Ҷ.И.Эрон солҳои 1902 то 1989-ро, ки ба “асри Хумайнӣ” машҳур аст, дар таҳаввулоти ахири кишварҳои исломӣ таъсиргузор донист ва афзуд: “Дар каломи раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ, дақиқтарин унвон барои ин таҳаввулот яъне таъбири “бедории исломӣ”, ба кор рафтааст.”

Шиорҳои мардуми Эрон дар инқилоб, ҳақиқати ин воқеаи муҳимро тарсим мекунад

Қаҳҳор Расулиён, коршиноси торих, бо баёни гӯшаҳое аз зиндагии Имом Хумайнӣ, ки онро дар се бахш танзим карда буд, изҳор дошт: “Эшон бо доштани ҳаёти пуршӯр, дорои осори адабӣ, илмӣ ва динӣ ҳастанд ва ғазалиёти эшон бисёр самимона ва орифона аст.”

Мирзо Муллоаҳмадов коршиноси барҷастаи забон ва адабиёти порсӣ, ки дар замони инқилоби исломии Эрон, ба унвони мутарҷим дар Эрон ҳузур дошт, инқилоби исломии Эронро яке аз муҳимтарин падидаҳои сиёсии авохири қани бист донист, ки Имом Хумайнӣ нақши комилан муассире дар шаклгирӣ ва эҷоди он ифо кард.

Вай, ки бо мавзӯи “Симои Имом Хумайнӣ дар шиорҳои мардуми Эрон” дар ин ҳамоиш ширкат карда буд, беш аз ду ҳазор маврид шиорҳои мардуми Эрон дар замони инқилобро, ки ҳама дорои ҷанбаи зебошинохтӣ, бадеӣ ва шеърӣ ҳастанд, ҷамъоварӣ кардааст.

Муллоаҳмадов бо баёни ин ки то ба ҳол дар нишастҳои бисёре аз ҷумла дар Маскав, дар бораи шиорҳои манзуми мардуми Эрон дар замони пирӯзии инқилоб суханронӣ кардааст, хотирнишон кард: “Ба воситаи ҳамин шиорҳо метавон авомил, равандҳо ва муҳимтарин ҳаводиси инқилоби исломиро тадвин кард.”

Ин коршиноси адабиёт ҳамчунин бо зикри чанд шиори замони инқилоб, афзуд: “Дар ин шиорҳо ҳам вазн, ҳам қофия ва ҳам умқи тахайюл ва таҳлил вуҷуд дорад.”

Вай сипас бо ишора ба ин шиор, ки мардум дар ғами фироқи Имом Хумайнӣ шиори “Азо азост имрӯз, рӯзи азост имрӯз, Хумайнии бутшикан пеши Худост имрӯз”-ро сар медоданд, афзуд: “Симои бузурги инқилоб ва Имом Хумайниро аз ҳамин шиорҳо метавон дарёфт.”

Мухолифати Имом Хумайнӣ бо маният ва хусумат бо дигарон

Саидаҳмад Қаландаров узви окодемии гуфтугӯи динӣ ва дунявӣ, Имом Хумайниро шахсияте донист, ки занҷирҳои андешаҳои мардуми шарқро шикаст.

Вай, ки дар ин ҳамоиш дар мавзӯи “Ирфони Имом Хумайнӣ ва бедории шуъури мусалмонони шарқ” сухан мегуфт, хотирнишон кард: “Имом худоогоҳӣ, худшиносӣ ва худогоҳиро асоси пирӯзии ҳақ бар ботил ва адолат бар зумл донист.”

Вай хотирнишон кард: “Тасаллут бар нафс ва тазкияи руҳ, дар осори Имом Хумайнӣ ва аз ҷумла дар васиятномаи ахлоқии эшон ба фарзандаш ба вузӯҳ намоён аст.”

Вай ҳамчунин бо баёни ин ки Имом Хумайнӣ якпорчагӣ ва иттиҳоди инсонҳои комилро ташвиқ мекард, афзуд: “Эшон хусумат бо дигарон ва маниятро пастии шуъур, кӯрӣ, карӣ ва бемаърифатӣ ва инкори ҳаққи дигарон медонист.”

Саидаҳмад Қаландар сипас тасреҳ кард: “Бояд ашъори Имом Хумайнӣ бо он мазомини ирфонӣ, насоеҳ ва пандҳо, ба хатти сириллик чоп мешуд, то пеши роҳи тундравӣ ва ифротгароӣ гирифта шавад.”

Имом Хумайнӣ, бузургтарин бедоргари инсонҳо дар ҷаҳони муосир

Умар Сафар раиси Донишкадаи Шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, бо баёни ин ки инқилоби исломӣ, дорои дастовардҳои густарда ва чашмгире буд, афзуд: “Ин дастовардҳо дар буъди сиёсӣ тору пуди вобастагиҳоро дарҳам шикаст ва дар буъди фарҳангӣ, фарҳанги исломиро эҳё кард.”

Раиси Донишкадаи Шарқшиносӣ хотирнишон кард: “Беқарор шоири муосир, дар шеъри “Уфуқҳои сарсабзи умед”, симои Имом Хумайниро таҷаллигари ҳузури Паёмбар (с) ва маъсумин муаррифӣ мекунад.”

Вай бо ишора ба ин ки Имом Хумайнӣ бузургтарин бедоргари инсонҳо аз хоби ғафлат ва бехабарӣ буданд, сангинтарин марҳилаи зиндагии эшон аз дидгоҳи шоиронро реҳлати Имом Хумайнӣ донист.
Умар Сафар афзуд: “Ҳарчанд Имом Хумайнӣ ҷисман реҳлат карда, вале руҳи эшон ҳамеша зиндаву поянда аст.”

Ғаффор Мирзоев, мудири бахши торих ва фалсафаи дин дар Тоҷикистон, бо баёни ин ки Имом Хумайнӣ бар навсозии андешаи динии мусалмонон таъкид доштанд, эшонро амалгарое донист, ки андешаи худро дар амал низ таҳаққуқ бахшиданд.

Ашъори Имом Хумайнӣ, халаъи маънавии шеъри тоҷикро пур кард

Муҳаммадалии Аҷамӣ аз шоирони муосири тоҷик, тайи суханоне дар ин ҳамоиш гуфт: “Ҳамон гуна ки Мавлавӣ дар дидор бо Шамси Табрезӣ мутаҳаввил шуд, шоирони тоҷик халаъи маънавии худро дар Имом Хумайнӣ ва осору ашъори эшон ёфтанд ва шеъри муосири тоҷикро мутаҳаввил карданд.”

Вай бо зикри шеъре аз шоири маъруфи тоҷик Доро Наҷот бо номи “Шукуфаи роҳ”, тасреҳ кард, ки шоир дар ин суруда, бозгашти Имом Хумайниро ба ватан, ба борон ташбеҳ кардааст, ки “бо ҳар қадаме, ки мениҳад, гуле шукуфа мезанад.”

Аҷамӣ ҳамчунин хотирнишон кард, ки “ин шоири маъруф дар банди охири шеъри худ, мусибати фироқи Имом Хумайниро ғариб шудан, яъне ятим шудани ишқи худ тарсим кардааст.”

Вай дар бахши дигаре аз сӯҳбатҳои худ, бо зикри номи Озар, яке дигар аз шоирони муосири тоҷик, афзуд: “Озар бо нигоҳе аз шавқу меҳр, дасти дуои Имом Хумайниро ба Қуръони боз ташбеҳ кардааст, ки аз назари мӯҳтаво ва маъно, дасти бози Имом Хумайнӣ ба ҳангоми дуоро мисли Қуръон, аз ҳар олоише пок ва монанди Қуръон ҳидояткунандаи инсон ба сӯи худшиносӣ ва худошиносӣ муаррифӣ мекунад.”

Шӯру шавқи мардум барои зиёрати ҳарами Имом Хумайнӣ васфношуданист

Назокат Сафар шоирае, ки то кунун 13 мариаба ба Эрон сафар карда ва дар маросими бузургдошти иртиҳоли Имом Хумайнӣ низ ширкат доштааст, пас аз он ки ашъори орифонае аз эшон суруд, хотирнишон кард: “Ҳар вақт ба кишвари ниёгонам сафар кунам, аз меҳрубониҳои Эрон ва эронӣ хотироти хуше дорам, ки дар дафтари хотиротам сабт кардаам.”

Вай тасреҳ кард, ҳамон шӯру шавқе, ки барои зиёрати Каъба, Мадинатун Набӣ ва шаҳидони Карбало дидааст, дар оромгоҳи Имом Хумайнӣ мушоҳида кардааст, ки чӣ гуна инсонҳои муштоқ, ба ин солики ҳақ дуруд мефиристанд.

Ин шоираи тоҷик сипас бо сурудани шеъре, ки матлаъи он инчунин шурӯъ мешуд: “Дар ин дунёву фардои қиёмат, накӯмарди биҳишти ҷовидон шуд...” ёду хотираи Имом Хумайниро гиромӣ дошт ва дар поён бо ин дуо суханонашро хатм кард, ки руҳаш шод, ҷояш ҷаннат ва манзили охираташ обод бод!

Ин ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бо ҳамкории Муассисаи фарҳангии Аҷам ба мудирияти Ҳотам Файзулло устоди Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон ва бо мусоидати ройзании фарҳангии Эрон, дар 31 май дар маҳалли солуни иҷтимооти маркази таҳқиқоти стротежики раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин муассиса, ки дар Донишгоҳи Омӯзгорӣ қарор дорад, бо собиқаи даҳсола ва бо ҳадафи тақвият ва тавсиаи маърифати фарҳангӣ, асосан дар байни ҷавонон фаъолият мекунад ва то кунун барномаҳои мутааддиде аз ҷумла мизигирдҳо, намоиши филм ва ҳамоишҳои илмии мухталиферо бо мавзӯоти илмӣ ва фарҳангӣ бо ҳузури андешамандони Тоҷикистон ва Эрон баргузор кардааст.

Кимиёи саодат

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст