Инбор Оли Сауд Қуръонҳоро ба оташ кашиданд

Ба гузориши воҳиди маркази хабар – ховаримиёна – байналмилал

Неруҳои амниятии Баҳрайн бо ҳимояти неруҳои Арабистони Сауди нусхаҳое аз Қуръони Каримро дар теъдоди аз масҷидҳо сӯзонданд. Ба гузориши шабакаи телевизионии Ал -олам, ин неруҳо ба масоҷид дар бештари манотиқи Баҳрайн ба хусус Манома ҳамла карданд. Дар ҳамин ҳол тасовир аз масҷиди Кувайкбот пахш шуд, ки нишон медиҳад ин масҷид ва даҳо ҷилд аз Қуръони Карим афузун бар китобҳои мазҳаби мавҷуд дар он ба дасти неруҳои режими ҳоким ва арозилу авбош оташ зада шудааст.

Ин сарчашма гиифта аз рафтори Омирико ва кашишони бехиради омрикоии он ҷомеа аст, зеро ингуна рафтори бехирадона аз фарди бо хирад бар намеояд.

Бояд хуб диқат кунем, ки то ба ҳол ҳеҷ мусулмоне бо ягон китоби осмони тавҳин ва беҳурмати накардааст зеро мо мусулмонон ин рафтори оқилона ва олимонаро аз таълимоти Қуръони Карим омӯхтаем, китобе, ки ҳеҷ гуна ихтилофе дар он нест.

Аммо касоне, ки ин рафторҳои ғайри мусулмони аз онҳо дида мешавад мо чӣ ном ва чӣ васфе барояшон метавонем бигузорем? Оё ин кор худ душмании ошкор бо Худои Якто нест? Оё мо чӣ ҷавобе дар пешгоҳи Пёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммад(с) дорем? Ин кор  оё ғайр аз маҳҷур гузоштани Қуръони Маҷид аст? Бо ин кор  маҳҷур будани Қуръонро бартараф метавонем бикунем? ё ...

Дар инҷо  шумо хонандагони азиз ва гиромиро бо ингуна суолҳо танҳо мегузорем то худ ҷавобе дар назди виҷдон ва дар назди Худо ва Расули Аъзамаш(с) ҷавобе паёдо кунед.

манбаъ: http://www.khabaronline.ir/news-143360.aspx

ва ....

Тоҷикон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст