Имом Боқир(р) мефармоянд: Расули Худо(с) байни сарашонро ҳиҷомат мекарданд, Абӯ Заби бо олати махсуси ҳиҷомат, ки аз мис буд он Ҳазрат(с) ро ҳиҷомат кард ва Пайғамбар(с) ба ӯ се кило хурмо доданд. Ҳар вақт Расули Акрам(с) сардард мешуданд, равғани кунҷидро дохили биниашон мерехтанд.
Имом Содиқ(р) фармуданд: Расули Худо(с) ҳар вақт сармо мехӯрданд, мудово намекарданд ва мегуфтанд: Ҳеҷ кас нест магар ин, ки раге аз касалии кушандаи ҷузом дар ӯ ҳаст, ҳар вақт касе ба сармохӯрдагӣ гирифтор шавад, сармохӯрдагӣ касалии кушандаи ҷузомро решакан мекунад.
Муҳаммад ибни Файз мегӯяд: Ба Имом Содиқ(р) гуфтам: Вақте касе аз мо бемор мешавад, духтурону табибон ӯро аз хӯрданиҳо парҳез медиҳанд. Ҳазрат(р) фармуданд: Вале мо хонадони Пайғамбар(с) фақат аз хурмо хӯрдан парҳез мекунем ва бо себу оби сард худро мудово мекунем. Гуфтам: Барои чи аз хурмо парҳез мекунед? фармуданд: Ба хотири ин ки Пайғамбари Акрам(с) Ҳазрати Алӣ(кр) ро вақте, ки бемор шуданд аз хӯрдани хурмо манъ карданд.
Имом Содиқ(р) мефармоянд: Пайғамбари Акрам(с) дар рӯзи душанбе баъд аз аср ҳиҷомат мекарданд.
Имом Козим(р) мегӯянд: Шустани сар бо гули хайрӣ дар рӯзи ҷумъа суннат аст, рӯзиро зиёд мекунад, фақру камбағалиро дур ва мӯю пӯстро хуб мекунад ва аз дарди сар пешгири мекунад.
Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Акрам(с) сарашонро бо сидр мешустанд ва мефармуданд: Ҳар кас сарашро бо сидр бишӯяд, Худованд васвасаи шайтонро аз ӯ дур мекунад ва ҳар кас васвасаи шайтон аз ӯ дур шавад, гуноҳ намекунад ва ҳар кас гуноҳ накунад ба биҳишт меравад.
Расули Худо(с) мефармоянд: Оё ба шумо ёд надиҳам давоеро, ки Ҷабрайл(а) ба ман ёд додааст, то дигар ба табиб ва дору ниёз надошта бошед? гуфтанд: Ёд диҳед эй Расули Худо(с)! фармуданд: Оби боронро бигиред ва ҳафтод бор сураи Ҳамд, ҳафтод бор сураи Нос, ҳафтод бор сураи Фалақ, ҳафтод бор салавот бар Пайғамбар(с), ҳафтод бор Субҳоналлоҳро бар он бихонед ва ҳафт рӯз пуштисариҳам ҳар субҳу шом аз он бинӯшед.
Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Расули Худо(с) ҳар вақт бемор мешуданд бо ҳиҷомат кардан саломатияшонро ба даст меоварданд.
Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Акрам(с) аз дарди миён ба даргоҳи Худованд шикоят карданд, Худованди Мутаол он Ҳазрат(с) ро ба хӯрдани гандум ва гӯшт дастур дод.
Имом Содиқ(р) мефармоянд: Бобокалони мо Расули Худо(с) барои табобати таб, саду панҷоҳ грам шакарро бо оби хунук аралаш карда дар дили наҳор мехӯрданд.