Расули Худо(с) мефармоянд: Худованд ақлро офарид ва ба ӯ гуфт: Ақиб рав, ақиб рафт. Сипас фармуд: Пеш биё, пеш омад. Онгоҳ фармуд: Махлуқеро наофаридаам, ки назди ман маҳбубтар аз ту бошад. Пас наваду нӯҳ қисми онро ба мани Муҳаммад бахшид, ва як қисми онро байни ҳамаи бандагон тақсим намуд.
Расули Худо(с) мефармоянд: Ман бо ахлоқи некӯ ва писандида барангехта шудаам.
Имом Содиқ(р) мефармоянд: Худованд Расули худро бар ахлоқи нек ва писандида махсус гардонид, шумо ҳам худро бисанҷед, агар он ахлоқи нек дар шумо буд, Худоро шукр гуфта ва аз Худо бихоҳед, то онро дар шумо зиёд кунад. Сипас Имом(р) онҳоро ба ин тартиб даҳ хислат шумориданд: Яқин, қаноат, сабр, шукр, тобу тоқат, хушрафторӣ, саховат, ғайрат, шуҷоат ва ҷавонмардӣ.
Ҳазрати Анас ибни Молик(рз) мегӯянд: Расули Худо(с) шуҷоътарин, некӯтарин ва бахшандатарини мардум буданд. Шабе садои тарсноке ба гӯши мардуми Мадина расид, ки ҳама ваҳшатзада ба тарафи он садо рафтанд. Дар ин миён диданд, ки Расули Худо(с) пеш аз ҳама берун омадаанд, дар ҳоле ки савор бар асби Абӯталҳа шуда ва шамшер бар гардан доштанд, ба мардум мефармуданд: Натарсед, чизе нест, аҷаб асби тездав аст.
Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Чун танӯри ҷанг гарм мешуд, ва ду лашкар ба ҳам мерасид, мо ба Расули Худо(с) паноҳ мебурдем, ҳеҷ кас ба душман наздиктар аз он Ҳазрат(с) набуд.
Ҳазрати Абӯсаиди Хударӣ(рз) мегӯянд: Расули Худо(с) аз духтарони парданишин боҳаётар буданд. Ҳаргоҳ чизе ро дӯст намедоштанд аз чеҳраи мубораки он Ҳазрат(с) мефаҳмидем.
Имом Содиқ(р) ба Ҳафс ибни Ғиёс фармуданд: Эй Ҳафс, ҳар кас сабр кунад, кам сабр кардааст ва ҳар кас бетобӣ кунад кам бетобӣ кардааст.
Сипас фармуданд: Дар ҳамаи корҳоят сабр пеша кун; зеро Худои бузург Муҳаммад(с) ро ба пайғамбарӣ интихоб ва он Ҳазрат(с) ро амр ба сабру мудоро намуду фармуд:
Бар ончи мегӯянд сабр кун, ва ба таври шоиста аз онон дурӣ кун, ва маро бо такзиб кунандагони тавонгар ва осуда вогузор. (Сураи Муззаммил, ояти, 10 ва11.) ва ҳамчунин фармуд:
Бадии дигаронро бо беҳтарин роҳ дур кун, то вақте, ки миёни ту ва ӯ душманӣ ҳаст гӯё дӯсти гарм ва самимӣ аст. Ва аз ин хислат бархӯрдор набошанд, магар касоне, ки сабр мекунанд ва касе, ки баҳраи калон аз ақлу хирад дорад. (Сураи Фуссилат, ояти, 34 ва 35.)
Расули Худо(с) ҳам, сабр намуданд, то он ки он Ҳазрат(с) ро ба чизҳои калон муттаҳам карданд. Ба хотири ин дилтанг шуданд ва Худованд ин оятро нозил кард:
Ва мо ба хубӣ медонем, ки дилат аз ончи мегӯянд танг мешавад. Пас бо ҳамроҳи парастиши Парвардигорат тасбеҳ гӯй, ва аз саҷдагузорон бош. (Сураи Ҳиҷр, ояти, 97 ва 98.)
Боз ҳам мушрикон он Ҳазрат(с) ро такзиб карданду муттаҳам намуданд, ва Пайғамбари Акрам(с) ғамгин шуданд, ва Худованд ин оятро нозил кард:
Мо ба хубӣ медонем, ки ончи мегӯянд туро ғамгин мекунад. Аммо онон туро такзиб намекунанд, балки ин ситамгарон оятҳои Худовандро такзиб мекунанд. Албатта пеш аз ту ҳамчунин пайғамбарон такзиб шуданд ва бар такзиб шудан сабр намуданд ва озорҳо диданд, то он ки ёрии мо ба онон расид. (Сураи Анъом, ояти, 33 ва 34.)
Пас Пайғамбар(с) сабр карданро лозим донистанд, то онки мушрикон зиёдаравӣ карда номи Худоро бар забон оварда ӯро ҳам такзиб карданд. Пайғамбар(с) фармуданд: Дар бораи худам, хонадон ва обрӯям сабр кардам, вале дар баробари бад гуфтан ба маъбудам сабр надорам. Онгоҳ Худованд ин оятро нозил кард:
Мо осмонҳоу замин ва ончиро дар миёни онҳост дар шаш рӯз офаридем ва монда нашудем, пас туҳам монда нашав ва бар ончи мегӯянд сабр кун. (Сураи Қоф, ояти, 38 ва 39.)
Инҷо буд, ки Пайғамбар(с) фармуданд: Сабр нисбат ба имон монанди сар аст, нисбат ба бадан.
Худованд ҳам аз сабри он Ҳазрат(с) қадрдонӣ карду ин оятро нозил кард:
Калимаи некӯи Парвардигорат (ваъдаи наҷот ва пирӯзӣ) дар бораи бани Исроил анҷом ёфт, ба подоши сабре, ки карданд, ва ончиро Фиръавн ва қавмаш месохтанд, ва онро баланд мекарданд, сарнагун кардем. (Сураи Аъроф, ояти, 138.)
Пайғамбари Худо(с) фармуданд: Ин ҳам, башорат аст ва ҳам, интиқом.
Онгоҳ Худованд ҷанг бо мушриконро барои он Ҳазрат(с) раво донист ва ин оятро нозил кард:
Ҳар куҷо мушриконро ёфтед бикушед, ва ононро дастгир ва дар тангно қарор диҳед ва дар ҳар пинҳонгоҳе бар сари роҳашон бишинед. (Сураи Тавба, ояти, 6.)
Ва ҳар куҷо бар онон даст ёфтед бикушедашон. (Сураи Бақара, ояти, 191.)
Худованд мушриконро бо дасти Расули Худо(с) ва асҳобашон ба қатл расонид, ва подоши сабри Пайғамбар(с) ро ба он Ҳазрат(с) ато кард, илова бар ончи дар охират барояшон захира кардааст. Пас ҳар кас сабр кунад ва ба Худованд ҳавола кунад, аз дунё наравад то онки Худованд Ӯро бар душманонаш пирӯз гардонад, илова бар он дар охират барояш савобҳо захира хоҳад кард.
Пайғамбари Акрам(с) фармуданд: Ҷабраил(а) назди ман омаду гуфт: Эй Расули Худо(с), Худованд маро бо ҳадияе ба сӯи шумо фиристодааст, ки чунин ҳадияро пеш аз шумо ба ҳеҷ кас ато накардааст. Расули Худо(с) фармуданд: Он ҳадия чист? гуфт: Сабр, ва некӯтар аз сабр. Пайғамбар(с) фармуданд: Он чист? гуфт: Ризо, ва некӯтар аз он. Пайғамбар(с) фармуданд: Он чист? гуфт: Зуҳд, ва беҳтар аз он. Пайғамбар(с) фармуданд: Он чист? гуфт: Ихлос, ва беҳтар аз он. Пайғамбар(с) фармуданд: Он чист? гуфт: Яқин, ва беҳтар аз он. Пайғамбар(с) фармуданд: Гуфтам, он чист эй Ҷабраил(а)? Гуфт: Норбони он таваккул ба Худо аст. Пайғамбар(с) мефармоянд: Гуфтам: Таваккул ба Худо чист? гуфт: Донистани он ки махлуқ (бе хости Худо) наметавонад зиён расонад ва наметавонад фоидае расонад. Махлуқ наметавонад ато кунад ва кам кунад. Ва ҳамчунин ноумед аз махлуқ будан. Ҳар вақт банда чунин бошад дигар барои ҳеҷ кас, магар Худо кор анҷом намедиҳад ва ҷуз Худо ба касе умед намебандад ва аз касе наметарсад ва аз ҳеҷ кас, магар Худо чизе намехоҳад, ин аст таваккул.
Пайғамбар(с) фармуданд: Эй Ҷабраил, тафсири сабр чист? гуфт: Он аст, ки одам дар сахтӣ сабр кунад, ҳамон гуна, ки дар шодӣ сабр мекунад, ва дар вақти надорӣ сабр кунад, ҳамон гуна, ки дар вақти дороӣ сабр мекунад ва дар балою гирифторӣ сабр кунад, ҳамон тавр, ки дар тандурустиву саломатӣ сабр мекунад. Ба ин сабаб аз ҳоли худ ва аз балое, ки ба ӯ мерасад назди касе шикоят накунад.
Пайғамбар(с) фармуданд: Гуфтам: тафсири қаноат чист? гуфт: Он аст, ки ба ончи аз дунё ба ӯ мерасад қаноат варзад, бо чизи кам таҳаммул кунад ва бар ризқи кам шукр кунад.
Пайғамбар(с) мефармоянд: Гуфтам: Тафсири ризо чист? гуфт: Касе ки аз Худояш розӣ бошад ва бо ӯ ҷанг накунад, чи ба неъматҳои дунё расад ё нарасад ва ҳеҷ вақт ба амали камаш розӣ набошад.
Пайғамбар(с) мефармоянд: Гуфтам: тафсири зуҳд чист? гуфт: Зоҳид касе аст, ки дӯст медорад он касеро, ки Худоро дӯст медорад ва душман медорад касеро, ки Худоро душман медорад. Аз ҳалоли дунё эҳтиёту дурӣ мекунад ва ба ҳароми он эътино намекунад; зеро ҳалоли он ҳисоб дорад ва ҳароми он азоб. Бар ҳамаи мусалмонон меҳр меварзад чунон, ки ба худ меҳр меварзад. Аз сухани беҳуда худдорӣ мекунад, чунон, ки аз мурдаи бӯйгирифта дурӣ мекунад. Аз чизҳои беарзиши дунё ва зару зевари он дурӣ мекунад, чунон, ки аз оташ дурӣ мекунад, ки мабодо дар шӯълааш насӯзад. Орзуяшро кӯтоҳ мекунад ва маргаш пеши чашмаш намоён аст.
Пайғамбар(с) мефармоянд: Гуфтам: Эй Ҷабраил! тафсири ихлос чист? гуфт: Боихлос касе аст, ки аз мардум чизе нахоҳад, то он ки худ онро ба даст орад ва ҳаргоҳ ба даст орад, ба он розӣ бошад ва агар чизе дар дасташ монд, дар роҳи Худо бахшад.Чун аз мардум чизе нахост ба бандагии худ дар назди Худованд иқрор кард ва агар чизе ба даст овард ва ба он розӣ шуд, пас аз Худованд розӣ шудааст ва Худованд ҳам аз ӯ розист. Ва агар чизе дар роҳи Худо бахшид, ба хотири боваре, ки ба Худованд дорад.
Пайғамбар(с) мефармоянд: Гуфтам: Эй Чабраил! тафсири яқин чист? гуфт: Мӯъмин чунон барои Худо кор мекунад, ки гӯё Худоро мебинад ва агар чи ӯ Худоро намебинад, Худо ӯро мебинад ва яқинан медонад, ки ончи аз дунё ба ӯ расида барои ӯ будааст ва ончи ба ӯ нарасида, барои ӯ набудааст. Инҳо ки гуфта шуд шохаҳои таваккул ва норбони зуҳд аст.
Имом Боқир(р) мефармоянд: Фариштае назди Пайғамбари Худо(с) омаду гуфт: Эй Муҳаммад(с), Худоят салом мерасонад ва мефармояд: Агар бихоҳӣ ҳамаи регҳои Маккаро бароят тилло мекунам! он Ҳазрат(с) сар ба сӯи осмон карда гуфтанд: Парвардигоро! мехоҳам рӯзе сер бошам ва сипоси туро гӯям ва рӯзе гурусна бошам ва аз ту дархост кунам.
Имом Боқир(р) мефармоянд: Фариштае назди Расули Худо(с) омаду гуфт: Худованд шуморо соҳиби ихтиёр карда, ки бандаи фурӯтан ва расул бошед, ё подшоҳу расул! Он Ҳазрат(с) ба Ҷабраил(а) нигоҳ карданд, Ҷабраил(а) бо даст ишора кард, ки фурӯтаниро ихтиёр кунанд. Пайғамбар(с) фармуданд: Мехоҳам бандаи фурӯтан ва расул бошам. Он фаришта дар ҳоле, ки калидҳои хазинаҳои заминро дар даст дошт гуфт: Агар подшоҳиро ҳам ихтиёр кунед, аз мақоматон дар назди Худованд кам намешавад.
Ҳазрати Алӣ(кр) дар васфи Пайғамбар (с)ва барои иқтидо ба он Ҳазрат(с) мефармоянд: Пайғамбари поку покизаи худро сармашқ гир, ки аз дунё ним луқма гирифтанду ба он дода нашуданд. Аз ҳама кас паҳлӯяшон аз дунё харобтар ва шикамашон аз дунё холитар буд. Дунё ба он Ҳазрат(с) дода шуд, вале напазируфтанд. Ҳар вақт мефаҳмиданд, ки Худованд чизеро душман медонад, он Ҳазрат(с) ҳам онро душман медонистанд ва ҳар чизеро Худованд ҳақиру паст донист, он Ҳазрат(с) ҳам онро ҳақиру паст медонистанд. Ва агар хислате ҷуз ин, дар мо набуд, ки дӯст бидорем он чиро, ки Худованд онро душман медонад ва хуб бидонем он чиро, ки Худованд онро бад медонад, ҳамин дар мухолифат ва душмании мо бо Худованд ва нофармонӣ аз фармони Ӯ бас аст.
Ҳамоно Расули Худо(с) бар рӯи замин ғизо мехӯрданд. Мисли бандагон менишастанд. Пойафзолашонро худ бо даст медӯхтанд ва либосашонро худ бо даст васла ва поригӣ мекарданд. Бар хари бетуқум савор мешуданд, ва як нафарро ҳам савор мекарданд. Вақте диданд пардае бо нақшу нигор бар дари хона овехтаанд, ба яке аз занҳояшон фармуданд: Эй фалона, ин пардаро аз назарам дур кун, ки ҳар вақт онро мебинам ба ёди зару зевари он меафтам.
Пайғамбар(с) аз таҳти дил аз дунё рӯйгардонданд ва ёди онро дар дарун куштанд. Он Ҳазрат(с) дӯст доштанд зинатҳои дунё аз назарашон пинҳон бошад, то мабодо ҷомаи зебо аз он гиранд ва ба он дил бибанданд. Пайғамбар(с) дунёро тамоман аз ҷонашон берун карданд ва ёди онро аз дил берун ва онро аз назар пинҳон карданд.
Ҳарки чизеро душман донад, нигоҳ кардан ба онро ҳам душман медонад ва дӯст надорад номе аз он дар назди ӯ бурда шавад.
Имом Содиқ(р) мефармоянд: Чизе аз дунё барои Расули Худо(с) беҳтар аз он набуд, ки дар дунё гурусна ва тарсон аз Худо бошанд.
Ҳазрати Ҳусейн ибни Алӣ(кр) зимни ҳадиси тӯлонӣ дар шарҳи ҳоли Расули Худо(с) фармуданд: Пайғамбар(с) аз тарси Худо он қадр гиря мекарданд, ки ҷойнамозашон тар мешуд, бо онки гуноҳе надоштанд.
Ривоят шудааст, ки Расули Худо(с) чунон гиря мекарданд, ки беҳуш мешуданд. Ба он Ҳазрат(с) гуфта шуд: Магар Худованд гуноҳони гузашта ва ояндаи шуморо набахшида аст? фармуданд: Оё бандаи шукргузори Худованд набошам?. Беҳуш шудани Ҳазрати Алӣ(кр) дар ибодат ва бандагии Худованд чунин будааст.
Ривоят аст, ки Ҳазрати Иброҳими Халил(а) ҳангоме, ки намоз мехонданд аз тарси Худованд садояшон монанди садои ҷӯшиши дег шунида мешуд ва Расули Худо(с) ҳам чунин буданд.
Ҳазрати Абӯсаиди Хударӣ(рз) мегӯянд: Чун ояти, Худоро фаровон ёд кунед (Сураи Аҳзоб, ояти, 41.) нозил шуд, Расули Худо(с) он қадар ба зикри Худованд машғул шуданд, ки кофирону мушрикон гуфтанд: Ӯ ҷинзада ва девона шудааст.
Имом Содиқ(р) мефармоянд: Пайғамбари Акрам(с) рӯзе ҳафтод бор ба даргоҳи Худованд тавба мекарданд. Ровӣ мегӯяд: Гуфтам: Оё Пайғамбар(с) мегуфтанд: Худовандо аз ту дархости бахшишу тавба дорам. Фармуданд: На, балки мегуфтанд: Тавба мекунам ба даргоҳи Худованд. Ровӣ мегӯяд: Гуфтам: Расули Акрам(с) тавба мекарданд ва ҳеҷ гоҳ аз тавбаашон бар намегаштанд, вале мо тавба мекунем боз ба тарафи гуноҳ бармегардем!. Имом(р) фармуданд: Бояд аз Худованд кӯмаку ёрӣ талаб кард.
Имом Содиқ(р) мефармоянд: Расули Акрам(с) аз ҳеҷ маҷлисе нахестанд, магар ин, ки бисту панҷ бор истиғфор карданд.
Ҳазрати Алӣ(кр) ҳар вақт ба тавсифи Расули Худо(с) мепардохтанд мегуфтанд: Расули Худо(с) аз ҳамаи мардум бахшандатар, далертар, ростгӯтар, бовафотар, нармхӯтар ва хуш муошираттар буданд. Ҳар кас дар аввал он Ҳазрат(с) ро медид ҳайбаташон ӯро мегирифт ва ҳар кас бо он Ҳазрат(с) шинохт мешуду дар сӯҳбаташон менишаст ба он Ҳазрат(с) алоқаманд мешуд. Ман монанди он Ҳазрат(с) одами хуб надидаам.
Расули Худо(с) фармуданд: Ба ахлоқи нек ороста шавед, ки Худованд маро ба ахлоқи нек ороста кардааст. Аз ахлоқҳои нек он аст, ки одам гузашт кунад аз касе, ки ба ӯ ситам карда аст ва бахшиш кунад ба касе, ки ба ӯ чизе надода аст ва дӯст шавад бо касе, ки аз ӯ ҷудо ва дур шуда аст ва иёдат кунад аз касе, ки ӯро иёдат намекунад.
Ҳазрати Алӣ(кр) мефармоянд: Аз қасамҳои Расули Худо(с) ин буд, ки мегуфтанд: На, ва аз Худо бахшиш мехоҳам.
Тазаккур: Назди араб расм аст, ки ҳангоми қасам хӯрдан ҳарфи (Ло) ро истифода мекунанд, ва сипас қасам мехӯранд, монанди: Ло ва раббука. Дар ҳадиси боло манзур ин аст, ки он Ҳазрат(с) пас аз гуфтани (Ло) қасам намехӯрданд, балки баҷои он истиғфор мекарданд.
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Умар(рз) мегӯянд: Расули Худо(с) чунон буданд, ки хушҳолӣ ва хашм аз чеҳраи муборакашон фаҳмида мешуд. Вақте хушнуд мешуданд чеҳраашон мисли оина медурахшид ба ҳадде, ки метавон гуфт сурати девор дар чеҳраашон маълум мешуд ва вақте хашмгин мешуданд, ранги муборакашон дигаргун ва хира мешуд.
Расули Акрам(с) мефармоянд: Оё ба шумоён хабар надиҳам, ки кадоматон зиёдтар ба ман монандӣ доред? Гуфтанд: Чаро, эй Расули Худо(с) хабар диҳед. Пайғамбар(с) фармуданд: Касе, ки рафтораш некӯтар, бархӯрдаш бо мардум мулоимтар, бо хешовандонаш некӯкортар бошад, бародарони динияшро зиёдтар аз ҳама дӯст бидорад, бар ҳақ сабуртар, ғазабашро хӯрандатар, гузашташ аз ҳама беҳтар ва дар ҳоли хушнудиву ғазаб аз ҳама боинсофтар бошад.
Имом Ғаззолӣ(рз) мегӯяд: Расули Худо(с) ҳангоме, ки хеле хушнуд мешуданд, ба ришашон зиёд даст мекашиданд.
Имом Ғаззолӣ(рз) мегӯяд: Расули Худо(с) бахшандатарини мардум буданд, ҳеҷ вақт шабе намегузашт, ки дирҳаму диноре назди он Ҳазрат(с) монад ва агар каме зиёд меомад ва то шаб касеро пайдо намекарданд, ки ба ӯ бидиҳанд, ба хона намерафтанд, то онро ба ниёзманд расонанд.
Аз ончи Худованд рӯзӣ дода буд, зиёдтар аз тӯшаи ҳамон сол намегирифтанд, он ҳам аз осонтарин чизҳо мисли хурмо ва ҷав буд, бақияашро дар роҳи Худо хайрот мекарданд. Ҳар кас аз Пайғамбар(с) чизе мехост медоданд, онгоҳ суроғи озуқаи солашон мерафтанд, ва аз он ҳам мебахшиданд ва бисёри вақтҳо агар чизе ба дасташон намерасид, худашон ниёзманд мешуданд. Ҳақро ҷорӣ мекарданд, гарчи барои худашон ё барои ёронашон зиён дошта бошад. Ба миёни душманон бенигаҳбон рафту омад мекарданд. Ҳаргиз чизе аз чизҳои дунё он Ҳазрат(с) ро натарсонда аст. Бо камбағалҳо менишастанд ва бо онҳо ғизо мехӯрданд, аҳли илму фазлро ба хотири ахлоқашон эҳтиром мекарданд, ва бо некӣ кардан ба одамҳои обрӯманд, бо онҳо дӯст мешуданд. Бо хешовандонашон рафту омад доштанд, беонки онҳоро бар касоне, ки аз онон беҳтар буданд, беҳтар ва афзал донанд. Ба ҳеҷ кас ситам намекарданд ва бахшиш талабидани дигаронро мепазируфтанд. Он Ҳазрат(с) ғуломҳо ва канизҳое доштанд, вале дар ғизо хӯрдан ва либос пӯшидан мисли онҳо буданд. Соате аз вақташонро дар ғайри бандагии Худо ва ғайри кори лозиму зарурӣ, ки салоҳ дар он набуд намегузарониданд. Баъзе вақтҳо ба боғу бӯстони ёронашон мерафтанд. Ҳеҷ вақт мискину бечораро ба хотири бепулӣ ё беморияш, паст намедонистанд ва аз ҳеҷ подшоҳе ба хотири салтанаташ наметарсиданд. Камбағалу подшоҳро як хел ба сӯи Худо даъват мекарданд.
Имом Ғаззолӣ(рз) мегӯяд: Расули Худо(с) аз ҳама кас дертар ба ғазаб меомаданд ва тезтар хушнуд мешуданд. Он Ҳазрат(с) меҳрубонтарину хайрхоҳтарину фоиданоктарин кас барои мардум буданд.
Имом Ғаззолӣ(рз) мегӯяд: Расули Худо(с) ҳар вақт хушҳолу хушнуд мешуданд, хурсандияшон аз ҳама беҳтару некӯтар буд. Дар панду мавъиза кӯшо буданд. Ба ҳангоми ғазаб чизе тоби истодан дар баробари он Ҳазрат(с) ро надошт. Он Ҳазрат(с) дар ҳамаи корҳояшон инчунин кӯшо буданд. Ҳар гирифторие, ки ба он Ҳазрат(с) мерасид корашонро ба Худованд вогузор мекарданд ва аз даргоҳи Худованд роҳи чора талаб мекарданд.
Расули Акрам(с) мефармоянд: Бидонед, ки ҳар ибодате дар аввал зиёдаравиҳое дорад ва баъд ба сустӣ мегарояд. Ҳар кас зиёдаравӣ дар ибодаташ ба суннати ман баргардад, роҳро ёфтааст ва ҳар кас бо суннати ман мухолифат кунад, гумроҳ гашта ва амалаш нобуд хоҳад шуд. Бидонед, ки ман ҳам намоз мехонам ва ҳам мехобам, ҳам рӯза мегирам ва ҳам ифтор мекунам, ҳам механдам ва ҳам гиря мекунам. Пас ҳар кас аз роҳи равшан ва суннати ман рӯй гардонад аз ман нест.