Тайи таҳқиқи мустанаде дар Туркия исбот шуд; таъсири тиловати Қуръони Карим бар зуд рушду нумув кардани гиёҳон тасъиргузор буда аст. Пахши оёти Қуръони Карим дар наздикии гиёҳон тайи чанд рӯз, миёнгини суръати рушди ононро ба сурати қобили мулоҳизае суръат мебахшад.
Осори рушди сареъи гиёҳоне, ки аз садои Қуръон баҳраманд мешавад, дар муқоиса бо дигар гиёҳоне, ки дар муҳит ва шароити обу ҳавои ва хуроки мушобеҳ рушд мекунанд, комилан ошкор аст.
Фотима Оқлич, донишомӯзи туркияи ин мавзуъро тайи таҳқиқе ба манзури огоҳи аз таъсир пахши тиловати Қуръон бар рушди гиёҳ исбот карда аст.
Фотима Оқлич дар ин таҳқиқ кашф карда аст, ки пахши қироати оёти Қуръон ба садои 5 соат дар рӯз ва ба муддати 20 рӯз пай дар пай барои гиёҳон боиси шуд рушди гиёҳ тақрибан ду баробар нисбат ба дигар гиёҳоне мешавад ки аз пахши тиловати оёти Қуръон баҳраманд нестанд.
Ин донишомӯзи туркияи таъкид кард: Натиҷаҳое, ки ба он расида аст, комилан дуруст аст ва шакке дар он нест ва тибқи таҳқиқи анҷомшудаи гиёҳоне, ки дар канори онон оёти Қуръон пахш шуда аст, 20 сантиметр рушд кардаанд, ин дар ҳоле аст, ки гиёҳоне ки аз садои Қуръон бебаҳра будаанд, беш аз 13 сантиметр рушд накардаанд.
Таҳқиқ ва озмоиш дар бораи таъсири тиловати Қуръон бар рушди гиёҳон тозаги надорад ва пештар низ муҳаққиқони гуногуне тайи озмоишҳое тасреъ рушди гиёҳон бо шунидани Қуръонро исбот карда будаанд.
Икно