Имом Содиқ(а) аз падаронаш ва падаронаш аз ҳазрати Алӣ(к) нақл менамоянд, ки Расули Акрам(с) хитоб ба он ҳазрат фармуданд:

“Ё Алӣ! Туро васияте мекунам, ки онро муҳофизат кун, пас модоме, ки васияти маро мавриди амал қарор диҳи, дар хайру саодат хоҳибуд:

Ё Алӣ, ҳар кас хашми худро фуру барад дар ҳоле, ки қудрат бар интиқом дошта бошад, Худовад рӯзи қиёмат ӯро дар маҳалли амне қарор хоҳад дод ва маззаи афвро хоҳад чашид.

Ё Алӣ, онкас ки мардум аз шарри забонаш дар амон набошанд, аҳли оташ аст.

Ё Алӣ, бадтарини мардум касе аст, ки мардум аз тарс, ӯро эҳтиром кунанд то аз шарраш дар амон бошанд.

Ё Алӣ, онкас ки барои дину дунёи ту суд надорад, хайре дар ҳамнишин бо ӯ нест.

Ё Алӣ, шоиста аст, ки муъминин дорои ҳашт хислат бошанд.

Виқор дар ҳангоме мусибаҳои бузург, шикебои дар ҳангоми ибтило ва гирифторӣ, сипосгузори дар ҳангоми вусъати зиндагӣ, қаноат ба ончи ки Худованд ба ӯ дод аст, зулм накардан ба душманон, таҳмил накардани худ ба дустон, гирифтани нороҳати бар хештан ва осоиши марду аз дасти ӯ.

Ё Алӣ,хушо ба ҳоли касе, ки умрашр ба дарозо кашад ва кирдораш неку бошад.

Ё Алӣ,чаҳор амал аст, ки агар инсон муртакиб шуд, подоши онро зудтар дармеёбад; марде ки ба ӯ неки мекуни ва ӯ дар баробари некии ту бади мекунад, касе ки бо ӯ душмани надори ва ӯ бо ту душмани мекунад, касе ки бо ӯ ҳампаймон шудаи ва ба аҳди худ вафо карди, вале ӯ ба ту хиёнат карда аст; касе ки бо наздиконаш рафтуомад дошта бошад, аммо онҳо бо ӯ қатъи раҳим кунанд.

Ё Алӣ, се чиз аз ахлоқи хуб дар дунё ва охират аст; касе ба ту ситам карда аз вай даргузари, бо касе ки бо ту қатъи иртибот карда иртибот барқарор куни, дар баробари касе ки аз рӯи нодони мавҷиби нороҳатии ту шуда сабур бошӣ.

Ё Алӣ, аз чаҳор чиз пеш аз расидани чаҳор чиз ҳарчи зудтар истифода кун: ҷавони қабл аз пирӣ, тангдасти пеш аз беморӣ, тавонгари пеш аз тангдасти ва аз зиндаги пеш аз марг.

Ё Алӣ, чаҳор хислат аст, ки ҳар кас онҳоро додоро бошад, Худвоанд барои ӯ хонае дар биҳишт месозад: касе ки ятимеро панҳо диҳад ва ба нотавоне тараҳҳум кунад ва ба падар ва модараш неки кунад ва ба зердастонаш бо муҳаббат рафтор намояд.”

Баргирифта аз китоби Манлояҳзур

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст