1.Заҳро, яъне нурони ба нури дарнуи ва бурунӣ. Аз имом Содиқ(а) дар бораи номи Заҳро савол шуд, фармуд:

Ҳангоме, ки дар меҳроби ибодат меистод, нуре аз ӯ ба тарафи осмон боло мерафт, монанди нуре, ки аҳли замин аз ситорагон мушоҳида мекунанд.[1]

2. Сиддиқа ба маънои маъсума ва бисёр ростгӯ.

3. Муборака яъне соҳиби баракат дар илм ва фазл ва камолот ва муъҷизот.

4. Тоҳира яъне пок ва покиза аз ҳар навъ олудагӣ.

5. Закия яъне рушд кунанда дар камолот ва хайрот.

6. Розия яъне рози ба қазои илоҳӣ.

7. Марзия яъне писандидаи Худо ва дустони Худо.

8. Муҳаддиса яъне хабардиҳанда аз ғайб, ки фаришта бо ӯ сухан мегуяд.

9. Фотима яъне ҷудошуда аз ҳар зишти ва бурида шуда аз ҳар бади ва гирифта шуда аз олудагиҳои табиат.



[1] Биҳор, ҷ 43, саҳ 13.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст