Ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) аз падари бузургавораш пурсид: падарҷон! Занону мардоне, ки нисбати ба намоз беэътиноӣ мекунанд ва намозро сабук шуморида ва сустӣ мекунанд чӣ оқибате онҳоро интизор аст?
Расули Худо (с) фармуданд: эй Фотимаҷон! Ҳаркасе аз мардону занон дар хондани намоз сустӣ карда ва онро сабук шуморад Худованд ӯро ба понздаҳ бало гирифтор месозад, ки шаш мавриди он дар дунё, се мавриди он дар вақти маргу ҷон додан, се мавриди дигар дар қабр ва се маврид ҳам замоне ба ӯ мерасад, ки аз қабр берун оварда мешавад.
Як. Шаш балое, ки дар дунё домангираш мешавад:
- Худованд баракатро аз зиндагияш мебарад.
- Худованд баракатро аз ризқу рӯзияш мебарад.
- Худованд семои бандагони некро аз чеҳраи вай нобуд мегардонад.
- Дуоҳояш ба осмон намерасад.
- Баҳрае аз некӣ барои ӯ нест.
Ду. Се балое, ки ба вақти марг дучораш мешавад:
- Хору залил аз дунё меравад.
Ба вақти марг эҳсоси ғизо мекунад (аз шиддати сахтӣ).
- Ташна аз дунё хоҳад рафт, агарчи дарёҳои дунёро ба ӯ бедиҳанд.
Се. Се балое, ки дар қабр домангири вай мешавад:
- Худованд фариштаеро фармон медиҳад то ӯро азоб диҳад.
- Қабраш барои ӯ танг хоҳад шуд.
- Гирифтори торикии қабр хоҳад шуд.
Чаҳор. Се балое, ки дар рӯзи қиёмат ба ӯ мерасад:
- Худованд ба фариштае фармон медиҳад, ки ӯро бо сурат бар замин бикашад дар ҳоле ки ҳама тамошогари вай хоҳанд буд.
- Ҳисоби аъмоли вай ба сахтӣ анҷом мешавад.
- Худованд ба ӯ бо чашми лутф нигоҳ намекунад ва ӯро азоби ҳамешагӣ дар интизор аст.