Ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми эронинажод, аз ҷумла тоҷикон-Наврӯз ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ- 1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо "Иди сари сол" низ меноманд.
Бояд гуфт ки маншаъ ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ал-тафҳим» менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст».
Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайҳон Берунӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун на танҳо ганҷинаҳои куҳанро меҷӯяд ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзор ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.
Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз дар луғатҳо ба маънои рӯзи нав ва тоза, рӯзи нахустин, аввали рӯзҳои сол, яъне рӯзе ки соли нав аз он оғоз мегардад, омадааст.
Дар баъзе аз матнҳои куҳан, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, «Ал-тафҳим», «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳон Берунӣ ва «Наврӯзнома»-Умари Хайём, шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд. Падидоварии Наврӯз дар Шоҳнома, ба ин гуна ривоят шуда аст, ки Ҷамшед дар ҳоли гузаштан аз Озарбойҷон дастур дод, то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи заррин бар рӯи тахт бинишаст. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро наврӯз номиданд.
Бархе аз ривоятҳои таърихӣ оғози Наврӯзро ба бобулиён нисбат медиҳанд. Тибқи ин ривоятҳо, ривоҷи Наврӯз дар сарзамини Форс соли 538 пеш аз мелод, яъне замони ҳамлаи Куруши Кабир ба Бобул боз мегардад, ки маҳз ӯ Наврӯзро ҷашни миллӣ эълон кард. Вай дар ин рӯз барномаҳоеро барои сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ ва хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон иҷро менамуд. Ин оинҳо дар замони подшоҳони дигари Ҳахоманишӣ низ баргузор мешуд. Замони Дорои якум, маросими Наврӯз дар тахти Ҷамшед баргузор мешуд.
Санадҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки Дорои I ба муносибати Наврӯз дар соли 414 қабл аз мелод сиккае аз ҷинси тилло зарб намуд, ки дар як сӯи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ нишон дода шудааст. Ҳамчунин дар баъзе ривоятҳо, Зардушт чун бунёдгузори Наврӯз номбар шудааст.
Дар замони Ашкониёну Сосониён низ Наврӯз ҷашн гирифта мешуд. Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле зиёданд.
Имрӯз Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштаву онро дар қатори мардумони ориёинажод сокинони дигар кишварҳо низ чун ҷашни дӯстиву ҳамдилӣ ва бо ҳам наздик сохтани мардумони кулли дунё таҷлил менамоянд.