Бо ту гар хоҳи сухан гуяд Худо Қуръон бихон.
То шавад руҳи ту бо ҳақ ошно Қуръон бихон .
Эй башар ёди Худо оромиши дил медиҳад,
Дардмандонро бувад Қуръон даво, Қуръон бихон .
Домҳои густардаи Шайтон дар масери умри ту,
То ки иман боши аз ин домҳо Қуръон бихон .
“Раттилил Қуръона тартилан” нидои раҳмат аст,
Медиҳад Қуръон ба ҷону дил сафо Қуръон бихон .
Гуфт Пайғамбар ки бединаст ҳар кас беҳаёст,
То шавад руҳи ту побанди ҳаё Қуръон бихон .
Эй ки руҳат сахт побанди ғами дунё шуда,
Мекунад Қуръон туро аз ғам раҳо Қуръон бихон .