Наврӯз зинда шудани гиёҳони хуфта аст;

Одатан милатҳо сунатҳо ва фарҳангҳоеро аз ниёкон ва пешиниёни худашон нигаҳ медоранд. Наврузи мо ҳам яке аз сунатҳои ниёкон ва пишиниёни мост ки аз онҳо ба ёдгор барои мо боқӣ монда ва миллати мо ҳам бо таҷлили хосе аз ин сунат, онро барои мо ҳифзу нигаҳдорӣ кардаанд. Гарчи сунати деринае аст, ки аз гузиштаи бисёр дӯр боқӣ монда вале бисёр пураҳамият ва арзишманд аст. Арзишмандии он ҳам ба ин аст ки баҳор фасли тароват ва шодобиҳо аст ва пушти сар гузоштани сармо ва сахтиҳо ва зоҳир шудани шукуфаҳо ва дамидани рӯҳи дигар дар олами табиат, милати мо инро сароғози кору талоши худ қарор дода аст. Хона ва зиндагиро аз гарду ғубор ва олӯдагиҳо пок кардем; дилҳоро низ аз кудуратҳо ва дилтангиҳои гузашта пок карда ва сафое ба дил бибахшем ва бо фармӯш кардани ҳама нигарониҳо бо дунёи шодӣ ва сурур ба дидани ҳамдигар биравем ва ҳамонтавр ки табиат зиндагии навинро оғоз мекунад мо ҳам аз гузашта таҷриба гирифта ва зиндагии ояндаамонро аз имрӯз бо шодобӣ ва таровати бештаре шурӯъ кунем.

Ин рӯзҳо, рузҳое аст ки ба худ омадан ва дар фикри гузашта амиқан фурӯ рафтанро дар инсон эҳё мекунад; ҳеч инсони оқиле ҳам намехоҳад заъфҳояш рӯз ба рӯз амиқтар шавад ва ё ҳеч инсони оқиле намехоҳад, ки ахлоқ ва рафтор ва тундхӯиҳо ва ё бадрафториҳое ки дар ҷомеа дошта рӯз ба рӯз решадортар шавад ва ё ҳеч инсони оқиле намехоҳад, ки хубиҳо ва ҷанбаҳои мусбат ва арзишмандеро ки дар зиндгӣ дошта аз даст бидиҳад.

Бинобарин чун ҳамчунин рӯҳияе дар ҳар инсоне ҳаст, кофи аст, ки мурӯре бар зиндаги гузаштааш кунад, он ҳам дар оғози баҳор дар як чунин фасли ва шароите ки ҳама ба фикри ояндаи худашон ҳастанд, дар натиҷа табиатан дар рӯҳи ҳар фарди Тоҷик ки ба ин сунат пойбанд аст, ин вазияти рӯҳӣ одатан ба вуҷуд меояд ки чи кор кунам то наврузи оянда вазияти беҳтаре аз назари рӯҳӣ дошта бошам? Чи масоиле сабаби шикаст ва нокомии ман шуда буд, ва барои обрӯи бештар ва обрӯмандтар зиндагӣ кардан, фардо чи бояд кард?

Фоида ва манфиати ин таҳаввул ва дигаргӯнӣ дар инсон нисбат ба табиат бештар аст ва ин аз авомил пураҳамият дар мувафақияти бештари инсон дар зиндагӣ ба ҳисоб меояд; чун инсоне, ки комил қадам ба ин дунё нагузошта ва камоли инсон ҳам,ки тадриҷӣ аст, бинобарин ҳар инсон дар гузашта заъфҳо ва лағзишҳое дошта ки дар оянда бояд ҷуброн шавад.

Агар чунин тарзи фикре дар зиндагии инсон набошад, зарару зиёни зиёде хоҳад дошт. Қуръони Карим ва пешвоёни дин моро ба ин масъала даъват карданд, он ҳам дар ҳади хеле зиёд ин сунати эҳёкунанда, як таҳаввули дарӯнӣ аст дар вуҷуди мо зеро фармуданд: حاسبو انفسکم قبل ان تحاسبوا .

«ба ҳисоби амалатон бирасед. Худатонро муҳосиба кунед, қабл аз онки мавриди муҳосиба қарор бигиред».

Акнун ки рӯзгори сахти зимистон сипарӣ мешавад ва даврони беравнақи табиат хотима меёбад ва шукуфаҳо мазҳари шодобӣ ва тароват ва талиъадорони хайру баракат бар шохсорон дар паҳнаи гетӣ зоҳир мегарданд, чи шоиста ва ба ҷост ки бо зозҳир шудани ин дигаргӯнӣ дар чеҳраи табиъат, инсон низ таҳаввуле ба худ бибахшад ва бо ислоҳи нафс ва беҳбуди заъфҳои хешро барои беҳтар зиндагӣ кардан омода созад.

Агар милати шарифи мо аз дерзамон ин рӯзро ҷашн гирфта ва ба унвони бузургтарин иди фарҳангӣ ва бостонӣ аз он ёд мекунанд ва одатан ба таври бесобиқае аз кох то каҳи хона ва тамоми васоили онро баҳорӣ мекунанд ва ҳар як тавонои ба зиндагӣ, зинат бахшида ва либоси нав бар тан мекунанд. Яқинан ҳама ва ҳама ба нишони ин аст, ки мо ҳам дар ин рӯз ва сароғози баҳор ва худсозии навро хосторем, ки бо оростани зоҳир ва ботини хеш, бо табиат ҳамгом шавем ва гоми баланд дар ҷиҳати беҳбудии хеш бардорем.

Агар мо дар гузашта бо бетаваҷҷуҳӣ ба ислоҳи ахлоқу рафтор, танҳо ба оростани зоҳир мепардозем ин аз кутаҳназарӣ ва бетаваҷҷуҳии мо аз кудакӣ буда на инки ниёкони мо аз қадим ба масоили руҳӣ ва ахлоқии мо бетаваҷҷуҳ будаанд, балки ин воқеият комилан дар табрик ва таҳният дар радду бадал шудан дар байни бузургон дар ин рӯзҳо машҳур аст вале одатан мо дар даврони кудакӣ ва навҷавонӣ ва ҷавонӣ ғарқи шодӣ будаем, дастамон аз ин воқеиятҳо кутоҳ буда ва мусалламан дастҳои муғризонаи нопоке низ маҳрумияти бештари моро дар беаҳаммиятӣ ба усули ахлоқӣ сабаб гаштааст.

Ба лутфи Худо, имруза ҳамватанони азизамон дар ин айём, ҳам шоданд ва ҳам ҳушёр ва ба маротиб беш аз гузашта алоқаманд ба масоили ахлоқӣ ва пойбанд ба амал дар бархурдҳои иҷтимоиянд.

 

 

Тоҷикон

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст