Оё дугоникҳоеро дидаед, ки шинохти яке аз дигаре чиқадар сахтуу мушкил аст?
Агар афроди башар ҳамагӣ монанди ҳам буданд, шиносоӣ ҳар фарде чиқадар мушкил буд. Он вақт зиндагии иҷтимоӣ ва зиндагии хонаводагӣ мумкин набуд.
Мавҷуди муқаддас, ки башарро офарида, ин нуктаро низ аз назар дур надошта аст, ки афроди башарро аз ҳам ҷудо карда аст; ба тавре, ки ҳеҷ фарде ба фарди дигар иштибоҳ намешавад ва ин ҷудо шудани инсонҳо аз ҳам дар ҳоле аст, ки ҳамаи афроди башар ба якдигар монанд ҳастанд.
Сафедпустон ҳама сафеданд, вале сафедӣ аз сафедии он ҷудост. Сиёҳпустон ҳамагӣ сиёҳпустанд, вале сиёҳии пусти ин, монанди сиёҳпустии он нест, ба тавре, ки ҳеҷ кадом ба ҳам иштибоҳ намешаванд. Нажодҳои сурху зард низ чунин ҳастанд.
Оё ин ихтилофи рангҳо дар сефедпустон ва сиёҳпустон ва дигар нажодҳо нишонаи ҳикмати комил ва қудрати бепоёни касе, ки инсонро офарида аст, нест??
Оё табиат, чунин шууруқудратро дорад??
Оё лаҳзае шуда аст, ки ба Худои Субҳон фикр карда бошед ва ӯро шукргузорӣ кунед ба хотири чизҳое, ки ба шумо дода аст??