Обҳои рӯи замин бар асари ҳарорати Хуршед бухор мешавад. Бухор, боло меравад ва ба табақаҳои сардсер мерасад, абр мешавад. Абр ҳам борон мешавад. Ҳама медонанд, ки агар борон бар замин наборад чӣ мешавад?
Оё инро ҳам медонанд, ки агар ҳарорати Хуршед ба андозаи кофӣ ба обҳои рӯи замин нарасад, бороне нахоҳад буд?
Агар обҳо ба гунае буданд, ки барои бухор шудан, эҳтиёҷ ба ҳарорати шадидтаре доштанд бороне набуд.
Агар бухоре, ки боло меравад, натавонад худро ба табақаҳои сардсери бирасонад, бороне намеборид.
Агар бухоре, ки ба табақҳои сардсер мерасид, тавре буд ки ҷамъ намешуд, абр намегардид ва бороне набуд.
Агар абрҳо ноқис мемонданд ва намерасиданд, бороне набуд.
Агар ҷозибаи замин, қатраҳои боронро ҷазб намекард ва ба сӯи худ намекашид, бороне набуд. Ва агар садҳо сабаби дигаре, ки дар вуҷуди борон дахолат доранд намебуданд, бороне набуд.
Табхири обҳори рӯи замин, лутфе аст аз ӯ. Абр шудани бухорҳо лутфи дигаре аст. Пас дар фуруд омадани борон садҳо лутфи дигар аст.
Оё инҳо ҳама ғайр аз қудрати Худои Мутаол аз каси дигаре сохта аст?
Оё инҳо моро ба Худои Мутаол ошно намекунад то каме бияндешем?