Тухми мурғ дорои бахшҳои гуногуне аст. Ҳастаи марказии онро зарда ташкил дода аст, сипас пардаи бисёр нозуке, зардаро дар бар гирифта аст. Онгоҳ навбат ба сафедӣ мерасад, ки дар миёни пардаи нозуки дигаре қарор гирифта аст ва ҳамаи инҳоро пӯсти тухми мурғ дар миёни худ ҷой дода аст.
Оё то кунун дар тухми мурғ андешидаед?
Ин назми дақиқро дар миёни бахшҳои тухми мурғ, чи касе қарор дода аст?
Худи мурғ, ки аз анҷом додани он, нотавон аст. Пас чӣ неруи мутафаккире, ин корхонаро дар мурғ эҷод карда аст?
Корфармо ва муҳандиси ин корхонаи химиявӣ кист, ки ончи мурғ мехурад, табдил ба зарда ва сафедӣ ва бахшҳои дигар ва чизҳои дигар мешавад?
Ман аз донишмандон мепурсам: Агар бихоҳем корхонае бисозем, ки хурокҳои мурғонро ба зарда ва сафедӣ ва чизҳои дигар табдил кунад ва тухми мурғро бо ин назм ва шакл қарор диҳад, чанд муҳандис лозим аст?
Чанд сад коргар лозим аст?
Чӣ қадар масоҳатро фаро хоҳад гирифт?
Харҷии ин корхона дар рӯз чӣ қадар мешавад?
Оё ин корхона аз назари иқтисодӣ, даромад дорад?
Ба таври куллӣ, оё илми башар он қадар пешрафт карда аст, ки битавонад чунин корхонае таъсис кунад?
Ҳазорон сол аст, ки дар мурғ ин корхонаи дақиқ, ниҳода шуда ва пайваста маҳсул медиҳад, вале дар назари башар, амри оддӣ аст!
Ин корхона аз қудрати бениҳояти Худои Мутаол аст.
Оё ба он фикр кардаед?