Бисёре аз мардум, шурии оби баҳрҳоро хуш надоранд ва мепиндоранд, ки агар оби баҳрҳо ширин буд, беҳтар буд. Чаро оби баҳрҳо шур аст, бо онки ҳамаи дарёҳое ки дар рӯи замин ба дарёҳо мерезанд, дорои оби ширин ҳастанд. чӣ касе ин намаки фаровонро дар оби баҳр рехта ва чаро рехтааст? Ин намак аз куҷо омада? Оё тамом шуданӣ нест?
Муқовимати оби шур дар баробари фосид шудани оби ширин, бештар аст. Агар оби уқёнусҳо ширин мебуд, хатари фосид шудан ва вайрон шудани онҳо бисёр буд.
Агар оби баҳрҳо фосид шаванд, зиндае дар рӯи кураи замин боқӣ нахоҳад монд. Бӯи бади об, мавҷуди зиндаеро боқӣ нахоҳад гузорад.
Оби фосид шуда ва бо бӯи бад беҳтарин ҷо барои рушди ҳашарот, бавижа ҳашароти саммӣ аст. Он вақт аст, ки ҳашарот ва агар интавр шуд ҳеҷ мавҷуди зиндае дар рӯи замин боқӣ нахоҳад монд.
Оё шур шудани оби дарёҳо нишонаи ҳукумати ирода ва илму ақл дар дастгоҳи офариниш нест?
Оё касе ки ин илму ақлро надошта дар оғози пайдоиши ҷаҳон метавониста ба ин диққати илмӣ пай бурд, ки муқовимати оби шур дар баробари фосид шудан аз оби ширин, бештар аст? Ҳаргиз!
Оё шур шудани обҳои дарёҳое, ки аз борои ширин, реша гирифта аст, нишонаи қудрати бузург нест? Қудрате ки бар асари меҳр ва ҳифозати ҷони зиндагон, ин падидаи бузургро ба кор бурда аст.
Инҳо ҳама нишонаи Худованди Мутаол аст, ки ҳамаи чизро дуруст ва ба ҷои худ қарор дода аст.