Кумитаи дин ба имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи Тоҷикистон тавсия додааст, то пагоҳ, 7-уми феврал дар намози ҷумъа дар бораи ҳамҷинсгароӣ мавъиза кунанд.
Бино ба маълумоти чанде аз руҳониён, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъи пойтахт, ин дастури шифоҳии Кумитаи дин онҳоро водор кардааст то дар пайи дастрасии маълумот дар бораи ҳамҷинсгароӣ шаванд.
Сухангӯи Кумитаи корҳои динӣ назди Ҳукумати Тоҷикистон - Афшини Муқим гуфт дар бораи чунин тавсия ё дастур ба имомхатибони масоҷиди ҷомеъ итилоъ надорад.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои ахир дар расонаҳо матолби зиёде ба тарафдорӣ аз ҳамҷинсгароён ба табъ расида, дар ислом ин ҳамҷинсгароӣ ҳаром дониста мешавад.
Ҳафтаи гузашта дар бархе аз масҷидҳои ҷомеъи пойтахт мавъизаи имомхатибон ба масъалаи роиҷ будани пешдароӣ дар ҷаноза бахшида шуда буд.
Ба амри маъруфи имомхатибон дар ин бора қазияи маъруф ба "ҷанҷол дар ҷаноза", бо иштироки имомхатиби ноҳияи Рӯдакӣ Ҷамолиддин Неъматзода ва Эшони Нуриддинҷон Тӯраҷонзода дар расонаҳо сарусадои зиёдеро ба овард, боис шуд.