Ба номи Худо

Боз ҳам аз ғайб хабар медиҳанд,

Огаҳӣ аз рози дигар медиҳанд.

Хайли малак рӯ ба замин мекунанд,

Замзама аз ишқ чунин мекунанд:

Роҳбари роҳи ҳақиқат расид,

Пешрави ишқу тариқат расид.

Боби вафо бар ҳамагон боз шуд,

Роҳи камоли башар оғоз шуд.

Аз қадамаш ҳайбати кубро шикаст,

Буткада вайрон шуду бутҳо шикаст.

То ки Муҳаммад(с) ба замин по гузошт,

Чашми фалакро ба тамошо гузошт.

Боз аз ин мавкиби фархундафар,

Чашми ман аз шавқу шааф гашт тар.

Рӯ ба сӯяш кард ба сад эҳтиром,

Гуфт пас аз арзи дуруду салом:

Эй кӣ ту ҳастӣ малакутисифот,

Нури Худовандиву миръоти зот.

Воситаи файзи Худо бар ҳама,

Арши улоро ту шудӣ қоима.

Зери ливои ту ҳама коинот,

Парчами ту парчами сабру субот.

Оинаи зоти Худо рӯи туст,

Атри ҷинон накҳате аз бӯи туст.

Он садафе, ки ҳама пургавҳар аст,

Дурри ятиме, ки гуҳарпарвар аст.

Хулқи азиме, ки туро дода дӯст,

Партаве аз равшании хулқи ӯст.

Хоҷаи лавлок туро гуфтаанд.

Бонии афлок туро гуфтаанд.

Эй ки туи оинаи нури зот,

Хатм шуда дар ту нузули сифот.

Эй кӣ бувад ходими ту, сад халил,

Бӯса зада бар қадамат Ҷабраил.

Ояти ҳусни аҳадият туӣ,

Меҳвари дини самадият туӣ.

Нахли умед аз қадамат об хурд,

Баҳра зи милоди ту маҳтоб бурд.

Халқ, гадоёни ҳарими туанд,

Соили дастони карими туанд.

Ман, ки расидам ба барат боумед,

Кай равам аз даргаҳи ту ноумед.

Қатраи ночизаму дарё туӣ,

Бандаи даргоҳаму мавло туӣ.

Гар ки нигоҳе ба Вафоӣ кунӣ,

Ҳастии уро ту худоӣ кунӣ.

Вафоӣ

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст