Мелоди масъуду мубораки Паёмбари Аъзам ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва ҳақҷӯёни олам табрик ва таҳният мегӯем.
Моҳ фурӯ монад аз ҷамоли Муҳаммад (с).
Сарв набошад ба эътидоли Муҳаммад (с).
Қадри фалакро камолу манзалате нест,
Дар назари қадри бокамоли Муҳаммад (с).
Ваъдаи дидори ҳар касе ба қиёмат,
Лайлаи Асро, шабу висоли Муҳаммад (с).
Одаму Нӯҳу Халилу Мусиву Исо(а),
Омада маҷмӯъ дар зилоли Муҳаммад (с).
Арсаи гетӣ, маҷоли ҳиммати ӯ нест,
Рӯзи қиёмат нигар, маҷоли Муҳаммад (с).
Ҳамчу замин хоҳад осмон, ки биюфтад,
То бидиҳад бӯса бар наоли Муҳаммад (с).
Шамсу қамар дар замини ҳашр натобад,
Нур натобад, магар ҷамоли Муҳаммад (с).
Саъдӣ агар ошиқи кунию ҷавонӣ,
Ишқи Муҳаммад бас асту Оли Муҳаммад (с).
Саъдии Шерозӣ “Куллиёт” саҳ. 714