Дар Шветсия Оташзанӣ ва беҳурматӣ ба Қуръонро боз такрор карданд. Як зани масеҳӣ таҳти ҳимояти полиси Шветсия рӯзи гӯзашта дар шаҳри Малмо, нусхае аз Қуръони Каримро ба оташ кашид.
Ба гӯзориши ТоҷикПресс, полиси Шветсия барои ҷамъомади қуръонсӯзӣ дар яке аз шаҳрҳои ҷанубии ин кишвар дар Малмо, ки рӯзи гӯзашта баргӯзор шуд, иҷозатнома содир кард.
Аксҳо ва наворҳои нашр шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки ҳамроҳ бо ин зан масеҳӣ, ки як салиб дар даст дорад, марде ки парчами режими саҳюнистии Исроилро бар дӯши хӯд андохта, дар канори ин зан истодааст.
Тибқи гӯзоришҳо, ин фарди тавҳинкунанда, ҳамон зане аст, ки ҳафтаи гӯзашта дар наздикии Стокголм ба Қуръони Карим беҳурматӣ карда буд.
Дар навори нашр шуда, нишон дода мешавад, ки ин зан бо ҳифозати комили полиси Шветсия даст ба ин иқдоми беҳурматӣ ва хатарнок мезанад. Мусулмонон низ дар ҳоле, ки парчами Фаластин ба даст доранд, бар зидди он иқдоми беҳурматӣ ва хатарнок шиор медиҳанд ва аз муқаддасоти исломӣ дифоъ мекунанд.
Баргӯзории ҷамъомади қуръонсӯзӣ дар Шветсия, ки дар он ба китоби осмонӣ тавҳин мешавад, хашм ва интиқодоти мусулмонони саросари ҷаҳонро барангехта аст ва равобити Стокголм бо кишварҳои исломиро тира кардааст.
Ин ҷамъомади қуръонсӯзӣ дар замоне аст, ки кӯштор ва ҷиноятҳои Исроил дар Фаластин сархатти расонаҳои ҷаҳон мебошад. Мардӯми кишварҳои ҷаҳон ба хусӯс донишҷӯёни Амрикоӣ ва Аврӯпоӣ бо ҳузур ва тазоҳуроти гӯстарда дар донишгоҳҳо ва хиёбонҳо, эъломи ҳамбастагӣ бо мардӯми Фаластин менамоянд ва ҷиноятҳои режими палид ва кӯдаккӯши режими Исроилро дар Навори Ғазза маҳкӯм мекунанд ва хостори таваққӯфи фаврии ҷанг ва барқарории оташбас дар Навори Ғазза мебошанд.

Режими кӯдаккӯши саҳюнистии Исроил ва ҳомиёнаш кӯшиш доранд, бо ин иқдом Оташзанӣ ва беҳурматӣ ба Қуръони Карим, фишори хашм ва эътирози афкори умумиро аз ҷиноятҳои хӯд дӯр ва машғул созанд. Бо ин найранги хӯд мехоҳанд, Масеҳиёнро дар баробари Мусулмонон қарор диҳанд, аммо ин орзӯро бо ҳушёрии Масеҳиён ва Мусулмонон ба гӯр мебаранд.


Яқинан ин макр ва найранги такрории режими саҳюнистии Исроил дигар корсоз нахоҳад буд ва мардӯми ҷаҳон лаҳза ба лаҳза Исроили кӯдаккӯши ҷинояткорро бештар шинохта ва аз он эълони безорӣ меҷӯянд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст