Вазири умури хориҷаи Чин, Мӯҳосира, гурӯснагӣ ва кӯштори бераҳмонаи занону кӯдакон ва мардӯми бедифоъи Фаластиниро тавассути Исроил дар борикаи Ғазза як "нанги тамаддун" ва "ғамнома" (трагедя)и башарият дар қарни бисту якум донист.
Режими саҳюнистии Исроил аз ҳафтуми октябри гӯзашта бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, наслкӯшӣ ва кӯштори густӯрдаеро дар борикаи Ғазза бар зидди занон ва кӯдакони бедифоъ ва мардӯми мазлӯми Фаластин ба роҳ андохт, ки ин ҷиноят ва ҳодисаи талх бо ҳимояти Амрико ва дар сукӯти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқӯқи башарӣ анҷом мегирад ва идома дорад. Дар ин ҳамалоти артиши режими Исроил ба борикаи Ғазза дар панҷ моҳи гӯзашта беш аз 30 ҳазору 700 нафар шаҳид ва беш аз 72 ҳазор нафар Фаластинӣ захмӣ шуданд ва ҳазорҳо нафар беному нишон.
Ба гӯзориши ИРНА, Ванг Йи, вазири умури хориҷаи Чин рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи нишасти солонаи Маҷлиси қонунгӯзории Чин бо таъкид бар таваққуфи ҳамалоти артиши Исроил ба борикаи Ғазза ва барқарории оташбас гӯфт: ишғоли тӯлонии сарзаминҳои Фаластин аз тарафи Исроил воқеияте аст, ки дигар набояд нодида гирифта шавад. Мӯҳимтар аз он, беадолатии таърихӣ дар ҳаққи Фаластиниён набояд иҷоза дода шавад ва насл ба насли дигар идома ёбд.
Чжан Цзюнь,намояндаи Чин дар Созмони милал ҳам таъкид кард, оташбаси фаврӣ дар Ғазза пешниёзе барои наҷоти ғайринизомиёни бегӯноҳ ва ироаи кӯмакҳои башардӯстона ва калидест барои ҷилавгирӣ аз шиддатёбии бештар ва гӯстариши даргирӣ аст.
Раҳбари Инқилоби исломии Эрон Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ низ дар ин бора чанд рӯз пеш фармӯданд: Асосан зиндагӣ дар тамаддӯни имрӯзаи ғарбӣ бар пояи тамаъ ва ҳирс аст. Имрӯз пояи ҳамаи меъёрҳо ва арзишҳои ғарбӣ пул аст. Ҳама чиз мисли ахлоқиёт ва маънавият ҳам бо пул санҷида мешавад. Сиёсати роиҷ ва ҳукмрониҳо ҳама дар хизмати табъиз ва беадолатӣ байни доро ва надор, сафед ва сиёҳ ва ғарбӣ ва шарқӣ ва фарбеҳ шудани компанияҳо ва сармоядорону капиталистони ғоратгар аст.
Илму фанноварӣ дар тамаддӯни имрӯзаи ғарбӣ дар хизмати кӯштори мардум аст.
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ, бомбаборони бемористонҳо ва кӯштори наздик ба 30 ҳазор тан аз мардӯми бедифоъи Ғаззаро боиси расвоии фарҳанг ва тамаддуни ғарбӣ донистанд ва афзӯданд: Пушти сари ин ҷиноятҳо пул, таслиҳот ва кумакҳои сиёсии Амрико аст ва ҳамчунон ки худи саҳюнистҳо эътироф карданд бидуни таслиҳоти Амрико як рӯз ҳам қодир ба идомаи ҷанг набуданд; бинобарин амрикоиҳо низ муҷрим ва масъули ин ҳодисаи талх ҳастанд.
Раҳбари Инқилоби исломии Эрон бо ишора ба ошкор шудани дурӯғ будани иддаоҳои тамаддӯни ғарбӣ дар бораи ҳуқӯқи башар ва риёкорӣ ва нифоқи ғарбиҳо дар ҷанги Ғазза афзӯд: Ғарбиҳо, ки барои эъдоми як муҷрим сарусадо ва ҳаёҳӯ ба роҳ меандозанд, дар баробари куштори 30000 инсони бегӯноҳ дар Ғазза чашми хӯдро бастаанд ва Амрико бо бешармии тамом ва барои чандумин бор қатъномаи оташбаси фаврӣ ва қатъи бомбаборони Ғаззаро вето мекунад.
Ҳазрати оятуллоҳ эмом Хоманаӣ гӯфтанд: Ин чеҳраи воқеии фарҳангу тамаддӯни либерал-демократии ғарбӣ аст, ки дар зоҳири он сиёсатмадорони утӯкашида ва лабханд бар лаб қарор доранд, аммо дар ботин як саги ҳор ва гурги хӯнхор аст.
Ӯ гӯфт: ин мусибатҳо дар дунё иттифоқ афтода ва дар ҷараён аст. Ғорати кишварҳои заъиф, ибтизол ва ҳарзагӣ ва ҳарҷумарҷи афсоргӯсехта ва созмонёфтаи ахлоқӣ мисли ҳамҷинсгароӣ ва монанди он, ки воқеан гӯфтан ва шуниданаш ҳам шармовар аст, имрӯз аз тамаддӯни ғарбӣ аст. Инҳо ҳамон чизҳоест, ки он рӯз(пеш аз Ислом) дар ҷоҳилият буд ва имрӯз ҳам ҳамонҳо ҳаст, албатта он рӯз маҳдӯд ва ибтидоӣ буд, вале имрӯз печида, гӯстарда, системӣ ва созмондеҳӣ шудааст.
Бинобар ин агар касе тамаддӯни имрӯзаи ғарбиро «ҷоҳилияти модерн» бихонад, ки хелеҳо гӯфтаанд, ҳақ дорад. Воқеан ҷоҳилият ҳамон ҷоҳилият аст, албатта имрӯз дар дӯнё хӯдашро ба шакли нав ва модерн нишон медиҳад.
Раҳбари Инқилоби исломии Эрон Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳаводиси таассӯфбори Ғаззаро намӯнаи ошкор аз зулму таҷовӯзи ҷабҳаи истикбор ба соҳибони як сарзамин ва кӯштори бераҳмона ва сангдилонаи зану кӯдак ва нобуд кардани дороиҳо ва манобеи мардуми он сарзамин баршумӯрд ва таъкид карданд: Мухолифати Ҷумҳурии Исломӣ дар воқеъ мухолифат бо чунин зӯлмҳо ва ҷиноятҳоест, ки бо вуҷуди он ки назди ҳар ақлу урфу шаръ ва виҷдони башарӣ маҳкӯм аст, вале ин зӯлму таҷовӯз ва кӯштор мавриди ҳимояти Амрико ва Англис ва бархе кишварҳои аврупоист. Ин масъала бояд барои ҳама равшан ва маълӯм бошад, ки ҷабҳаи истикбор ва тамаддӯни ғарбӣ зӯлму таҷовӯз ва кӯшторро дар зери номи демокросӣ, ҳуқӯқи башар ва либерализм пинҳон кардааст.