Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби исломии Эрон дар дидори ширкаткунандагон дар чиҳилумин давраи мусобиқоти байнал милалии ҳифз ва қироати Қуръони карим, Ҳимоят аз мардӯм ва мӯқовимати Ғаззаро муҳиммтарин вазифаи қуръонӣ донистанд. Имрӯз нерӯҳои мӯқовимат дар Ғазза ба Қуръон амал мекунанд. Қуръони карим мефармоянд:
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاءَ…
Эй касоне, ки эмон овардаед дӯшмани Ман ва дӯшмани хӯдро дӯст нагиред…( мӯмтаҳана, ояти1)
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ: Худованди Мутаол ҳамаи миллатҳои мусулмонро ба далели ин ки ба давлатҳои хӯд барои қатъи пӯштибонӣ аз режими саҳюнистии Исроил фишор наёварданд ва ҳамчӯнин давлатҳои исломиро ба далели амал накардан ба дастӯроти қуръонӣ мавриди суол ва мӯохиза қарор хоҳад дод.
Оятӯллоҳ эмом Хоманаӣ дар дидор бо ширкаткунандагон дар 40-умин давраи мӯсобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони карими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон, амал ба маорифи Қуръонро бароварандаи ниёзҳои ҳамаи башарият ва ҷомеаи башарӣ донист ва бо интиқод аз амал накардан ба маориф ва дастӯрҳои Қуръон аз ҷониби сарони кишварҳои исломӣ, дар мавзӯи Ғазза гӯфт: Имрӯз нерӯҳои мӯқовимати Ғазза ва Фаластин бо истодагии хӯд дар мӯқобили дӯшмани хабиси саҳюнистии Исроил, дар ҳоли амал ба дастӯроти Қуръон ҳастанд ва ба лӯтфи илоҳӣ пирӯзӣ насиби миллати Фаластин хоҳад шуд ва дӯнёи Ислом ҳатман нобудии ғӯддаи саратонии саҳюнистро ба чашм хоҳад дид.
Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон бо ишора ба оёте аз Қуръони карим, ки ба баёни тавсифу мӯаррифии Қуръон мепардозанд, афзӯд: Қуръон «китоби ҳидоят», «китоби зикр ва аз байнбарандаи ғафлат» ва «китоби ҳикмату нӯру бӯрҳон» аст. Ҳазрати Алӣ (а), ки шогирди барҷастаи Қуръон аст, ин китоби осмониро китоби зиндакунандаи дилҳо ва дармони дардҳои бузӯрги башарият мехонад.
Оятӯллоҳ Хоманаӣ хотирнишон кард: Касоне, ки Қуръонро китоби «кӯнҷи ибодатхона» ва барои иртиботи шахсии башар бо Худованд медонанд ва «исломи сиёсӣ» ва «исломи созандаи низоми иҷтимоӣ»-ро қабӯл надоранд, дар воқеъ дар нуқта муқобили тавсифи Қуръон аз хӯд ва тавсифи ҳазрати Амирулмӯъминин Алӣ аз Қуръон ҳастанд.
Раҳбари олии инқилоби исломии Эрон ҳазрати оятӯллоҳ эмом Хоманаӣ тиловати Қуръон ва фунуну ҳӯнарҳои тиловатро яке аз роҳҳои муассир барои ташвиқи мусулмонон ба унс бо Қуръон ва фаҳми маорифи он баршумӯрда гӯфт: Муттаассифона, имрӯз шикояти Расулуллоҳ (с) ба Худованд дар бораи маҳҷур будани Қуръон, яке аз воқеиятҳои талхи бахшҳои зиёде аз дунёи Ислом аст, ки натиҷаи он амал нашудан ба дастӯрот ва маорифи қуръонӣ аст.
Ҳазрати оятӯллоҳ Хоманаӣ раҳбари олии инқилоби исломии Эрон мавзӯи Ғаззаро масъалаи бузӯрги дӯнёи Ислом хонда афзӯд: Оё сарону масъӯлони кишварҳои исломӣ ба дастӯри Қуръон, ки мегӯяд: «Бо дӯшманони Худо ва мусулмонон иртибот барқарор накунед» амал мекунанд? Чаро сарони кишварҳои исломӣ ошкор ба қатъи робитаи хӯд бо режими қотили саҳюнистии Исроил ва қатъи кӯмак ба ин режим иқдом намекунанд?
Оятӯллоҳ эмом Хоманаӣ афзӯд: Худованди Мутаол ҳамаи миллатҳои мусулмонро ба далели ин ки ба давлатҳои худ барои қатъи пӯштибонӣ аз режими саҳюнистии Исроил фишор наёварданд ва ҳамчӯнин давлатҳои исломиро ба далели амал накардан ба дастӯроти қуръонӣ мавриди суол ва мӯохиза қарор хоҳад дод.
Ҳазрати оятӯллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: Албатта, мӯқовимати Ғазза ва Фаластин бо истодагии худ дар мӯқобили дӯшмани саҳюнистӣ дар ҳоли амал ба маорифу дастӯроти қуръонӣ ва рӯи дигари ин моҷаро ҳастанд ва ба лӯтфи Худованд ва бар асоси ваъдаҳои қуръонӣ нӯсрати илоҳӣ шомили ҳоли онҳо хоҳад шуд.
Оятӯллоҳ эмом Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки имрӯз дӯнёи Ислом ва озодагони ҷаҳон азодори мардӯми Ғазза ҳастанд, гӯфт: Мардӯми Ғазза мавриди зӯлми касоне қарор гирифтаанд, ки ҳеҷ бӯе аз инсоният набӯрдаанд ва бар ҳамин асос бузӯргтарин вазифа, ҳимоят аз мардуми мазлуми Ғазза ва истодагии шуҷоъонаи неруҳои мӯқовимат ва ҳимоят аз касонест, ки ба мардӯми Ғазза кӯмак мекунанд.
Ҳазрати оятӯллоҳ эмом Хоманаӣ дар поён хотирнишон кард: Умеди мо ба лӯтфу нӯсрати илоҳӣ тамом нахоҳад шуд ва дӯнёи Ислом ҳатман нобудии ғӯддаи саратонии саҳюнистии Исроилро мӯшоҳида хоҳанд кард.
Раҳбари мӯаззами Инқилоби исломӣ ҳазрати оятӯллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханони имрӯзашон бо ишора ба ошкор шудани дурӯғ будани иддаоҳои тамаддӯни ғарбӣ дар бораи ҳуқӯқи башару риёкорӣ ва нифоқи ғарбиҳо дар ҳодисаи Ғазза афзӯданд: Ғарбиҳо, ки барои эъдоми як мӯҷрим сару садо ва ҳаёҳу ба роҳ меандозанд, дар баробари кӯштори 30 ҳазор инсони бегӯноҳ дар Борикаи Ғазза чашми хӯдро бастаанд. Амрико бо беобрӯии тамом ва барои чандумин бор қатъномаи қатъи бомбаборони Ғаззаро вето мекунад.
Эшон таъкид карданд: Ин чеҳраи воқеии фарҳангу тамаддӯни либерал демократии ғарбӣ аст, ки дар зоҳири он, сиёсатмадорон утӯк кашида ва лабханд бар лаб қарор доранд, аммо дар ботин, як саги даранда ва гурги хунхоранд.
Раҳбари мӯаззами Инқилоби исломӣ дар поён хотирнишон карданд: Мо мӯтмаин ҳастем, ки ин тамаддуни ғарбӣ ва ин бори каҷ ба манзил нахоҳад расид ва фарҳанги ҳаққу мантиқи саҳеҳи Ислом бар ҳамаи инҳо пирӯз хоҳад омад.