21 Рамазон (соли 40 ҳиҷрӣ қамарӣ) солрӯзи шаҳодати мазлумонаи мавлои муваҳҳидон ва имоми муттақиён, амирулмӯъминин ҳазрати имом Алӣ ибни Абитолиб (Салому дуруди Худо бар ӯ бод) ва аввалин марди мӯъмину мусулмон ба рисолат ва нубуввати ҳазрати хатми мартабат Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)-ро ба ҳамаи мусулмонону рӯзадорон ва пайравони хатти ҳидояту истиқомат ва озодагони ҷаҳон таслият арз мекунем.
Забони ҳоли духтари дилсухтаи ҳазрати Алӣ ҳазрати Зайнаби Кубро (Салому дуруди Худо бар онон бод) дар фироқ ва суги падари бузургвораш:
Даври шамъи пайкарат, гардидаам хокистарат
Эй ба қурбони туву ин ранги зарди пайкарат
Аз нафасҳои баландат майли рафтан мечакад
Ҳақ бидеҳ имшаб бимирам дар канори бистарат
То нагирад хуни тоза гӯшаи тобутро
Мӯҳлате то, ки бибандам дастмоли бар сарат
Ҳайф шуд, аз он -ҳама дилвопасии кӯдакон
Косаҳои шир монда рӯи дасти духтарат
Кош мемурдам намедидам ба хок афтодааст
Ҳайбати тӯфони дулдулсавори Хайбарат
Хилвати шабҳои суту кӯри нахлистон шикаст
Бо садои во Алию вои Ҳайдар-Ҳайдарат
Шаҳри Куфа то нагирад интиқоми Бадрро
Дасти худро барнамедорад падарҷон аз сарат
Бо шумое, ки амири Куфаед ингуна кард
Ал-амон аз корвони духтари бе меъҷарат
Меравӣ, аммо барои сад ҳазорон сол баъд
Майли эҳсон менамояд ғайрати ангуштарат
Алиакбари Латифиён