Шастуякумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони кишвари Малайзия аз дишаб ба вақти маҳаллӣ бо дуохонӣ ба се забони молоӣ, арабӣ ва англисӣ барои ҳозирон оғоз шуд. Пас аз он, «Шарифа Хасиф Фозила Сайидмуҳаимад Бадеуззамон», аз бонувони қории Малайзия ба тиловат пардохт.
Фазия бинти Солеҳ, муовини вазири умури динии ин кишвар ва намояндагони 25 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Куала-лампур ширкат доранд. Фавзия гуфт: Кишвари Малайзия беш аз 60 дарсад ҷамъияти мусулмон дорад. Аҳамияти Қуръон ва ин мусобиқот назди мардуми Малайзия бисёр зиёд аст ва давлат низ аз он ҳимоят мекунад.
Дар идомаи ин маросим, доварон ва ширкаткунандагони ҳозир дар ин давра дар қолаби клипи зебо муаррифӣ шуданд то ҳозирони дар салон бо қориён ва ҳофизон ошно шаванд.
Поёнбахши маросими ифтитоҳияи ин давра аз мусобиқот, иҷрои гурӯҳи ҳамхонии «Сулулғамидӣ», муташаккил аз ҳунармандони навҷавони Малайзия буд. Ин гурӯҳ ба иҷрои ду қитъа зебо пардохтанд, ки диққати ҳозирон дар салонро ҷалб карданд. Дар ин маросим, шоҳиди ҳузури донишомӯзоне аз мадориси улуми динӣ дар бахши бонувон ва мардон будем, ки бо либосҳои якдаст, назм ва ҷилваи хоссеро ба толори мусобиқот бахшида буданд.