Имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол бадарға дар соати 9:27 субҳи рӯзи 12 Баҳмани 1357 (1/02/1979) бо ҳавопаймои Фаронса бо ҳудуди 200 ҳамроҳ ба Эрон бозгашт. Даҳ рӯз баъд 22 Баҳмани 1357ҳ.ш. (11/02/1979) пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва заволи ҳукумати шоҳигарӣ эълом шуд. Ин даҳаро “Даҳаи Фаҷри Пирӯзии Инқилоби Исломӣ меноманд ва ҳар сол дар ҷашн гирифта мешавад. Ду моҳ баъд аз пирӯзи бо раъйи 98% мардуми Эрон низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузида шуд. Имсол 12 Баҳмани 1397 (1/02/2019) 40 сол аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ мегузарад.
Рӯзи омадани имом Хумайнӣ дар ҳофизаи таърих хеле ҷолиб сабту забт шудааст.
Имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол бадарға дар соати 9:27 субҳи рӯзи 12 Баҳмани 1357 (1/02/1979) бо ҳавопаймои Фаронса бо ҳудуди 200 ҳамроҳ ба Эрон бозгашт.  
Пеш аз ҳаракати имом Хумайнӣ аз Нофеллошато ба самти Теҳрон гурӯҳе бо дафтари хабаргузории AP тамос гирифта ва ҳушдор доданд, ки агар оятуллоҳ Хумайнӣ қасд дошта бошад, ки аз Париж ба Теҳрон парвоз кунад, ҳавопаймои ӯро нобуд хоҳанд кард.
Бархе нозирон ҳам аз эҳтимоли баста будани фурудгоҳи “Меҳробод”-и Теҳрон ва ё сарнагун кардани ҳавопаймои имом сухан мегуфтанд ва таҳдидҳо дар ин замина вуҷуд дошт.
Ба дунболи ин таҳдидҳо, имом Хумайнӣ аз наздикон ва ҳамроҳони худ дар Париж хостанд ба далели вуҷуди хатарҳои эҳтимолӣ дар ин сафар, ҷони худро ба хотири эшон ба хатар наяндозанд.
Имом Хумайнӣ қабл аз тарки Париж паёме содир кард ва аз меҳмоннавозӣ ва тафоҳуми фаронсавиён ва иҷозаи озодии баёне, ки ба эшон дода шуд ташаккур кард.
Соати 23:30 ба вақти Париж, ҳавопаймои имом аз фурудгоҳ "Шарли Догал" ба самти Теҳрон бо нисфи зарфияти худ парвоз кард то дар сурати ҷилавгирӣ аз фуруд барои бозгашт ба Фаронса сӯзишвории лозимро дошта бошад.
Сайид Аҳмда Хумайнӣ, оятуллоҳ Ҳасани Лоҳутӣ, Муҳаммадалии Садуқӣ, Сайид Маҳмуд Дуоӣ, Ҳодӣ Ғаффорӣ, Муҳаммади Мунтазирӣ, Сайид Маҳмуд Мусавихуиниҳо, Ҳасани Ҳабибӣ, Муҳаммадмаҳдии Ироқӣ, Ҳабибуллоҳ Аскар Авлодӣ, Иброҳими Яздӣ, Сайид Абӯлҳасани Бани Садр, Сайидсодиқ Таботабоӣ, Содиқ Қутбзода, Мӯҳсини Созгоро, Исмоили Фирдавсипур ва … ҳамроҳони имом дар “парвози инқилоб” буданд.
Телевизиони Эрон бо пахши суруди "Эй Эрон" ва зернависи "Гиромӣ бод, баҳори озодии Эрон" дақоиқе аз маросими вуруди имом Хумайниро ба сурати зинда пахш кард, аммо низомиён бо ҳузур дар Садо ва симо ва дар эътироз ба пахш нашудани тасвири шоҳ ва суруди шоҳаншоҳӣ дар ибтидои барнома, аз идомаи пахши он ҷилавгирӣ карданд.
Ҳамин иттифоқ боис шуд бисёре аз мардум дар шаҳрҳои мухталиф бо шикастани телевизионҳо ба хиёбонҳо бирезанд. Радиои давлатии Эрон ҳам дар тамоми муддат сукут ихтиёр кард ва маросимро пахш накард. Албатта нахуствазир Бахтиёр таъкид кард, ки ӯ дастури қатъи пахши маросимро надодааст. Мардуми Машҳад, Урумия, Сорӣ, Хумайнишаҳр, Ободон ва … барои ҷашн гирифтани вуруди имом ба Эрон ба хиёбонҳо рехта гул ва ширинӣ пахш карданд. Дар баъзе шаҳрҳо мисли Машҳад артишиҳо ва сарбозон ҳам ба мардум пайваста ва хушҳолии худро иброз карданд.
Имом пас аз пиёда шудан аз ҳавопаймо бо як дастгоҳ Бенз ба салони фурудгоҳ, ки истиқболкунандагон дар он ҳузур доштанд рафт ва дар суханоне изҳор кард: Ман аз эҳсосоти табақоти мухталифи мардум ташаккур мекунам ва бори миллати Эрон ба дӯши ман бори гироне аст, ки наметавонм ҷуброн кунам. Бо вуруди имом, фарёди “Аллоҳу акбар” салони фурудгоҳро фаро гирифт. Гурӯҳе аз донишомӯзон суруди "Хумайнӣ эй имом"-ро иҷро карданд ва як донишҷу ба намояндагӣ аз ҷомеаи донишҷуён, матнеро дар хушомадгӯӣ ба имом хонд.
Пас аз ин имом бо як дастгоҳ Патрол аз фурудгоҳ то майдони Озодӣ ва майдони Инқилоб дар миёни ҷамъияти фаровон ба ибрози эҳсосоти онҳо посух дод ва бархилофи бархе пешбиниҳо, ки гуфта мешуд қарор аст имом дар донишгоҳи Теҳрон суханронӣ кунанд, ба иллати издиҳоми ҷамъият дар маркази шаҳр ба Биҳишти Заҳро рафт ва дар ҳузури ҷамъияти миллионии ҳозир дар қитъаи шаҳидони инқилоб суханронӣ кард. Бисёре аз мардум роҳи фурудгоҳи Меҳробод то донишгоҳи Теҳронро пӯшонда ва бо гул ва шиорҳои худ интизори имом буданд. Мардум шабро дар майдони Озодӣ ва роҳи истиқбол аз имом хобида ва аз субҳи зуд ба самти Биҳишти Заҳро рафта буданд. Бинобар гузориши расонаҳои хориҷӣ ва хабарнигорони дохилӣ, ҷамъияти истиқболкунанда аз раҳбари кабири инқилоби исломӣ байни чаҳор то панҷ миллион нафар тахмин зада шудааст. Мардум дар Биҳишти Заҳро шиор медоданд: "Ба хонаи шаҳидон хуш омадӣ, эй имом" ва суруди "Бархезед, бархезед, эй шаҳидони роҳи Худо! Эй карда баҳри эҳёи ҳақ ҷон фидо!" аз баландгӯҳо пахш мешуд.
....
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст