Идораи умуми иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ пешбинӣ кард, ки аҳолии Осиёи Марказӣ то соли 2050 бо рушди бесобиқа ба 94.2 млн нафар мерасад.
Бар асоси гузориши ин марказ, дар соли 2050 аҳолии
Ӯзбекистон ба 40.8 миллион нафар,
Қазоқистон ба 23 миллион,
Тоҷикистон ба 14.5 миллион,
Қирғизистон ба 8.1 миллион
Туркманистон ба 7.8 миллион нафар хоҳад расид.
Ин марказ ҳамчунин мегӯяд, ки аҳолии Русия то соли 2050 ба 133 миллион нафар коҳиш хоҳад ёфт. Тибқи пешбинии ин марказ, Русия дар муқоиса бо соли 2015 бо коҳиши 20 миллионии аҳолӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2015 ҳудуди 69 миллион нафар эълом шуда буд. tajikistantimes