Ҳамоиши яксадумин солгарди таъсиси бахши забон ва адабиёти Эрон ва Афғонистон бо унвони «Баррасии масоили рӯзи эроншиносӣ ва афғонистоншиносӣ» дар донишгоҳи «Шарқшиноси» дар «Тошканд» бо ҳамкории ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бо ҳузури пажӯҳишгарон, устодон ва донишҷуёни ин донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш «Муҳсини Пурмуҳсинӣ» ройзани фарҳангӣ ва «Баҳмани Оқоразӣ» сафири ҶИЭ дар Тошканд, «Абдулаҳад Холиқёр» муовини сафири Афғонистон дар Узбакистон ва профессор «Абдурраҳим Маннонов» раиси ин донишгоҳ ҳузур доштанд.
Абдурраҳим Маннонов раиси донишгоҳи Шарқшиносӣ дар маросими ифтитоҳияи ин ҳамоиш дар мавриди фаъолияти ин донишгоҳ ба хусус дар бора бахши забон ва адабиёти Эрон ва Афғонистон суханронӣ кард ва гуфт: Мо дар ояндаи наздик ҳамкориҳои илмии худро бо донишгоҳҳо ва донишмандон ҶИЭ аз сар мегирем.
Ҳамчунин сафири ҶИЭ ва муовини сафири Афғонистон дар Узбакистон дар суханронии кӯтоҳ зимн табрики ин рӯз аз баргузоркунандагони ин ҳамоиш ташаккур карданд.
«Аҳмад Қурбонбеков» устоди бахши Эрон ва Афғонистони ин донишгоҳ низ зимни ишора ба мавзӯи «Яксадумин солгарди таъсиси гурӯҳи забон ва адабиёти Эрон ва Афғонистон: гузашта, ҳол ва оянда» гуфт: Аз даврони салтанати Сомониён дар мадорис ва масоҷид тадриси забони форси ҳамроҳ бо забони арабӣ оғоз гардида ва бо ин ки дар сарзамини Мовароуннаҳр миллатҳо ва нажодҳои мухталиф зиндагӣ мекарданд равшанфикрони ин сарзамин бо вуҷуди забони модарии худ забони арабӣ ва форсиро меомухтанд.
Вай дар хусуси мушкилоти омӯзиши бахши забон ва адабиёти Эрон ва Афғонистон афзуд: Ниёз ба кутуби дарсӣ, рисолаҳои омӯзишӣ, фарҳангҳои форсӣ-ӯзбакӣ ва ӯзбакӣ-форсӣ, ки бар асоси меъёрҳои илми рӯз танзим шуда бошад аз ниёзҳои ҷиддии мо мебошад. Қурбонбеков изҳор дошт: Мудирияти курсии забон ва адабиёти Эрон ва Афғонистон барои рафъи ин мушкилот аз ҳамкорӣ бо ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Тошканд кӯмак мегирад ва умед аст ин ниёзҳо дар ояндаи наздик бартараф шавад.
Ройзани фарҳангии сафорати ҶИЭ дар суханони худ гуфт: Мафҳуми шарқшиносӣ, эроншиносӣ, афғоншиносӣ ва ӯзбакшиносӣ аз нигоҳи мо, яъне шинохти худ, на шинохти ғайр. Фарз кунед вақте як пажӯҳишгари эронӣ, афғонӣ ё ӯзбак дар бораи давраи Темуриён мутолиа мекунад кори вай дигаршиносӣ нест, балки худшиносӣ аст.
Ёдоварӣ: Густариши ҳамкориҳои ин кишварҳо бо ҳам дар ҳоле аст, ки мутаассифона чанд соли ахир робитаи Тоҷикистон бо ҶИЭ тира ва ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Душанбе таътил шудааст. Албатта ҳеҷ чизе мардуми форсзабонро, ки забон, фарҳангу тамаддун, нажод ва таъриху оини муштарак доранд наметавонад аз ҳам ҷудо ва бегона кунад ҳарчанд бадхоҳони ин мардум ба дунболи барномаҳои шуми худ ҳастанд. Умедворем ақли солим ва оянданигару дилсӯз ба корҳо ҳоким шавад ва вазъият хуб ва ба сурати шоистаи ин табор сомон гирад ва тирабахтон ноком бимонанд.