Раисҷумҳури Қазоқистон нусхаи ниҳоии алифбои нави лотини забони қаззоқиро таъйид кард.
Дар моҳи октябри соли 2017 Назарбоев ҳукми тағйири ҳуруфи кириллӣ ба лотин то сол 2025-ро имзо кард ва коршиносон алифбои 32 ҳарфӣ бо чанд аломати хос тарроҳӣ карданд.
Ба назари бархе мутахассисон истифода аз аломатҳои пешниҳодӣ хондану навиштани забони қаззоқиро сахт мекунад ва нусхаи дигар пешниҳод карданд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 1920 алифбои қаззоқи аз арабӣ ба лотин ва сипас дар сол 1940 ба ҳуруфи кириллӣ тағйир ёфт.
Пеш аз ин Назарбоев бо ишора ба ислоҳоти забони қаззоқ гуфт: Тағйири хатти забони қаззоқ ба алифбои лотин асло ҳуқуқи русзабонон ва дигар забонҳоро нақз намекунад.
Илова бар ин қарор аст дар солҳои 2021- 2023 гузарномаҳо ва дигар асноди расмии Қазоқистон бо алифбои лотин таҳия шаванд ва дар солҳои 2024-2025 ҳамаи расонаҳо бояд комилан ба алифбои лотин тағйир ёбанд.
Бознависӣ аз Fars