Маркази исломии "Алазҳар", як давра мусобиқаи байналмилалии пажӯҳишӣ бо мавзӯъи «Эъҷози илми Қуръон ва суннат дар бораи ҳуқуқи занон» баргузор мекунад.
Ин мусобиқа дар қолаби ирсоли мақолот ба забонҳои арабӣ ва англисӣ ва ба ҳиммати кумитаи эъҷози илмии Қуръон ва суннати Алазҳар ва бо ҳамкории банки исломии «Файсал»-и Миср баргузор хоҳад шуд.
Аз ҷумла шурути ширкат дар мусобиқа ин аст, ки пажӯҳишҳои ироа шуда бояд камтар аз 100 сафҳа ва бештар аз 200 сафҳа набошад ва қаблан дар ҷой дигаре мунташир нашуда бошад ва ҳамчунин дарбардорандаи ҷанбаҳои эъҷози илмии Қуръон ва суннат дар бораи ҳуқуқи занон бошад.
Ҳамчунин аз пажӯҳишгарон ва соҳибназарони алоқаманд ба ширкат дар ин мусобиқа пажӯҳишӣ хоста шудааст, ки мақолоти худро то 27 озармоҳ сол 97 ба дабирхонаи мусобиқа воқеъ дар шаҳраки исломии «Албаъус»-и Қоҳира бифиристанд.
Ин кумита маблағи 55000 пули мисрӣ ба унвони ҷоиза барои 23 пажӯҳиши бартар дар назар гирифта, ки пас аз арзёбии пажӯҳишҳо аз сӯи кумитаи доварон, ба соҳибони мақолоти бартар ҳадя мешавад.
Iqna ба нақл аз «azhar.eg»
Ҳуқуқи занон дар Қуръон
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 949