Маросими бузургдошти бистуҳаштумин солгарди реҳлати имом Хумайнӣ раҳбари инқилоби исломии Эрон дар ҳарами эшон дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд
Дар ин маросим мардуми Эрон, шахсиятҳои рӯҳонӣ, сиёсӣ, лашкарӣ ва кишварӣ, меҳмонон ва сафирони хориҷӣ ширкат мекунанд. Муҳимтарин бахши ин маросим суханронии раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ аст, ки эшон ба баёни шахсияти имом Хумайнӣ ва муҳимтарин масоили дохилӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳони Ислом мепардозад.
Имом Хумайнӣ баъд аз 15 сол табъид ҳамроҳи уммати мусулмони Эрон бар салтанати Паҳлавӣ поён дод ва низоми исломиро бунёд гузошт. Эшон баъд аз пирӯзӣ ҳудуди даҳ сол (феврали 1979) раҳбари Ҷ.И. Эрон буд ва дар рӯзи сеюми июни 1989 дори фониро видоъ гуфт. Ҳар сол дар рӯзи реҳлати эшон маросими бузургдошт баргузор мегардад.
Бознависӣ аз “Форс”
28-умин гиромидошт
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1062