Бештарин замони рӯзадориро мусулмонони Лапландия, Финляндия ва Швейтсия таҷруба мекунанд.
Бино ба иттилои “The Independent”-и чопи Бритониё, дар Финляндияи Шимолӣ офтоб ҳамагӣ барои 55 дақиқа ғуруб мекунад. Як хонавода аз ин минтақа ба хабарнигори нашрия гуфтааст, рӯзадории онҳо аз соати 1:35 то 12:48 давом дорад. “Бино бар ин мо 23 соату 5 дақиқа рӯза медорем. Дӯстон ва наздикони ман, ки дар Бангладеш зиндагӣ мекунанд, бовар надоранд, ки мо беш аз 20 соат рӯзадор ҳастем”,-гуфтааст, Муҳаммад, сарвари ин хонавода.
Ба навиштаи нашрия, мусулмонони Лапландия, ки дар тобистон офтоб қариб ғуруб намекунад, бар асоси тақвими наздиктарин кишвари мусулмоннишин – Туркия- рӯза мегиранд.
Замони рӯза дар Тоҷикистон имсол 17 соат аст.
The Independent” гуфтааст, ки имсол 1,6 миллиард нафар ё 22% аҳолии ҷаҳон рӯза мегиранд.
Бознависӣ аз Озодагон
Рӯзаи 23 соату 5 дақиқаӣ
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1000