Дар Русия ду донишгоҳи исломӣ вуҷуд дорад; яке донишгоҳи исломии Русия ва дигаре донишгоҳи исломии Қазон. Бо ин тафовут, ки донишгоҳи Қазон ғайридавлатӣ буда ба муҳассилон мадраки таҳсилӣ намедиҳад, вале донишгоҳи исломии Русия дар мақтаъи коршиносӣ (бакалавр) ва коршиносии аршад (магистратура) мадрак медиҳад.
Донишгоҳи исломии Қазон, аз соли 1998 таъсис шуда ва наздик ба ду даҳа аст, ки мизбони алоқамандон ба улуми исломӣ дар пойтахти севуми Русия яъне Тотористон аст ва имрӯз унвони бузургтарин донишгоҳи исломии кишвари бузург Русияро дорад.
Ин донишгоҳ дорои бузургтарин китобхона ба лиҳози захираи кутуби арабӣ дар Русия аст ва наздик ба 40 ҳазор китоб дар он вуҷуд дорад, ки илова бар донишҷӯён, умуми мардум низ метавонанд аз онҳо истифода кунанд. Сохтмони нисбатан қадимӣ ва суннатии ин донишгоҳ собиқаи бештареро ба зеҳн мерасонад, вале ба гуфтаи масъулони донишгоҳ, ин макон қабл аз донишгоҳ ва фурӯпошии Шӯравӣ мадраса будааст. Ин сохтмон дар муқобили яке аз садҳо масҷиди Қазон қарор дорад.
Илоҳиёт, хабарнигории исломӣ, иқтисоди исломӣ ва вожашиносӣ аз ҷумла риштаҳое аст, ки дар донишгоҳи исломии Қазон тадрис мешавад. Албатта дар риштаи хабарнигории исломӣ ҳанӯз ин донишгоҳ фориғуттаҳсил надоштааст.
Наздик ба 1300 нафар дар донишгоҳи исломии Қазон таҳти назари 80 устод дар ҳоли таҳсил ҳастанд, ки аз ин теъдод 400 нафар ба таври ҳузурӣ пазириш шудаанд.
Аз нукоти ҷолиб ин ки курсии забони форсӣ ҳам дар ин донишгоҳ барқарор шуда ва ба гуфта яке аз масъулон, дар канори забон арабӣ ва тоторӣ ба унвони забони севум тадрис мешавад ва алоқамандони зиёде ҳам дорад.
Раиси донишгоҳи исломии Қазон баён кард, ки барномаи аслии ин донишгоҳ тадриси улуми инсонӣ ва исломӣ аст ва мо ба дунболи тарбияти нухбагони мусулмон дар риштаҳои мухталиф ҳастем ва мо мадрак барои фориғуттаҳсилони худ содир намекунем ва ҳамаи донишҷуёни мо баъд аз поёни таҳсил дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла мадраса шурӯъ ба фаъолият мекунанд.
Вай бо ишора ба бархе тавофуқоти ин донишгоҳ бо Ҷомеатул Мустафо(с) гуфт: Мутаассифона тавофуқоти мо ба наҳви шоистае иҷро нашудааст. Бояд ёдовар шавам, ки бархе риштаҳои улуми инсонӣ мисли фалсафаи исломӣ ба шакли мунҳасир ба фард дар Эрон тадрис мешавад.
Бознависӣ аз Iqna
Тарбияти олимони динӣ
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1000