Натоиҷи панҷоҳу нӯҳумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими кишвари Малайзия, ки рақобатҳои он дар ду бахши қироати таҳқиқ ва ҳифзи кулли Қуръони Карим тайи 15 то 20 моҳи май дар Куалалампур баргузор шуд, дирӯз 20 май бо ҳузури подшоҳи Малайзия эълом шуд.
Дар риштаи қироати таҳқиқ низ рутбаи аввал дар бахши оқоёни насиби Ҳомид Ализода аз Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд ва нафари дувум то панҷум ба тартиб «Ауғку Муҳаммад Адиб Амин» аз Брунаӣ, «Вон Фахри Рози ибни вон Муҳаммад» аз Малайзия, «Муҳаммад Маъруф Ҳусайн» аз Канада ва «Нурмуҳаммад ибни Алӣ» аз Сингапур буданд.
Дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим дар бахши оқоён нафароти аввал то севум ба тартиб аз кишварҳои Сенегал, Малайзия ва Қатар ва дар риштаи ҳифзи кулли Қуръони Карим дар бахши бонувон ба тартиб нафароти аввал то севум аз Нигерия, Фаластин ва Сенегал буданд.
Дар маҷмӯъ 91 ширкаткунандаи оқо ва хонум аз 49 кишвари ҷаҳон дар панҷоҳунӯҳумин давраи мусобиқот ширкат доштанд.
Iqna
Бартаринҳои мусобиқа
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1116