Тибқи гузориши “Созмони милали муттаҳид” дар паи вуқӯи ҳамалот зидди мусулмонон дар шаҳри «Бонгосуу» дар ҷануби шарқи ҷумҳурии Африқои марказӣ ҳудуди 30 мусулмон кушта шуданд, ки тавассути расонаҳо таҳти пӯшиш қарор нагирифт.
Аз замони шурӯъи даргириҳо байни шибҳи низомиёни масеҳӣ ва ақаллияти мусулмон дар ҷумҳурии Африқои марказӣ то кунун ҳазорон мусулмони ғайринизомӣ кушта шуда ва бисёре аз онҳо овора шудаанд, ки расонаҳои дунё чашму гӯши худро барои бозтоби ин фоҷеа бастаанд.
Ба гуфтаи мақомоти “Созмони милал” дар даргирии ахир, пойгоҳи ин созмон низ тавассути шибҳи низомиён мавриди ҳадаф қарор гирифт.
Ҷумҳурии Африқои марказӣ ҳудуди 5 миллион ҷамъият дорад, ки аксарияти онҳо масеҳӣ ҳастанд ва мусулмонон ҳудуд 15% ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд.
Гуфта мешавад, ки шибҳи низомиёни масеҳӣ пас аз рӯи кор омадани мусулмонон ба баҳонаи муқобила бо «исломӣ шудан»-и ин кишвар, хушунат зидди мусулмононро оғоз кардаанд.
Дар соли 2015 шохиси тавсеаи созмони байналмилал ин кишварро ба унвони кишваре, ки камтарин тавсеаи инсониро дорад, радабандӣ кард.
Бознависӣ аз Iqna
Сукути маргофарин
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1050