Оини ифтитоҳияи 39-мин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Малайзия лаҳзоте пеш бо ҳузури намояндагони кишварҳои мухталиф ва мақомоти баландпояи Малайзия оғоз шуд.
Ин маросим дар маҳалли доимии мусобиқот яъне салони ҳамоишҳои маркази тиҷорати ҷаҳонии Путро оғоз шуд.
Дуохонӣ, муаррифии доварон ва тиловати оёте аз сура муборакаи Фотир тавассути Муҳаммад Қайим Назор Салимӣ қории равшандили молоӣ аз ҷумла барномаҳои ифтитоҳия буд.
Ин қории равшандил оёте аз сураи муборакаи “Фотир”-ро ба сабки Мустафо Исмоил тиловат кард ва таҳсини ҳозиронро барангехт.
Бар ин асос дар аввалин шаби мусобиқот ба тартиб намояндагони зан ва марди кишварҳои Миср, Индонезия, Миёнмор, Испания, Филипин ва Русия оёте аз сураҳои муборакаи Оли Имрон, Юнус, Тавба, Шуро, Юсуф ва Мӯъминун-ро тиловат хоҳанд кард.
Пахши клипи музикол шомили муаррифии баргузоркунандагони мусобиқот, доварон ва ширкаткунандагон аз дигар бахшҳои ифтитоҳия буд.
Иҷрои гурӯҳи суруд бо мазомин қуръонӣ ба ду забони молоӣ ва арабӣ дигар барномаи ифтитоҳия буд, ки мавриди истиқболи мардум қарор гирифт.
Хабаргузории “Форс”
Оғози мусобиқот бо тиловати қории равшандил
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 906