Интихоби номи муносиби фарзанд барои бархе аз волидайн кори сахте аст, аммо барои мусулмонон дар минтақа Синкиёнг дар ғарби Чин сахттар ҳам шуда, зеро интихоби бархе номҳо сабаб мешавад, ки кӯдакашон аз таҳсил ва имконоти давлатӣ маҳрум шавад.
Мақомоти минтақаи Синкиёнг, маҳалли зиндагӣ ними аз ҷамъияти 23 миллионнафарии мусулмонони Чин, дар идомаи саркӯби мусулмонон, феҳристе аз номҳоро мунташир карданд, ки интихоби онҳо барои кӯдакони мусулмон мамнӯъ эълом шудааст.
Номҳое монанди Ислом, Қуръон, Макка ва .. аз ҷумла номҳои мамнуъ ҳастанд ва касоне, ка чунин номҳое дошта бошанд аз сӯи мақомоти коммунист аз сабти ҳувият ва иҷозати лозим барои истифода аз имконоти иҷтимоӣ, дармонӣ ва таҳсилӣ маҳрум мешаванд.
Мақомоти Синкиёнг бо эъломи ин ки ин номҳо ифротгароёна ҳастанд, онҳоро мамнӯъ кардаанд.
Листи комил ҳанӯз мунташир нашуда ва мушаххас нест, ки як исми мазҳабӣ аз дидгоҳи мақомоти Синкиёнг чист.
Мақомот бо муттаҳам кардан ақаллияти мусулмон уйғури сокин дар минтақаи Синкиёнг ба хушунатгароӣ, ононро ҳадафи саркӯб ва маҳдудиятҳои шадид қарор медиҳад.
Мамнуъияти ҳиҷоб, доштани риш, рӯза барои коркунони давлат, омӯзиши Қуръон ва ... аз ҷумла табъизҳое аст, ки зидди мусулмонони чинии ин минтақа анҷом мешавад..
Мутаассифона имрӯз давлатҳо ба баҳонаи мубориза бо ифротгароӣ озодиҳои мусулмононро маҳдуд ва онҳоро дар маҳдудияти шадид қарор медиҳанд, ки на танҳо роҳи ҳал нест, балки осори худро дар оянда хоҳад гузошт.
Бознависӣ аз Iqna
Маҳдудият дар номгузорӣ
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 917