Ширкаткунандагони 34-умин давраи мусобиқоти байналамилалии Қуръони Карим бо унвони "Як китоб - як уммат" 27 апрел бо оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор карданд.
Дар оғоз Саъид Парвизӣ, мақоми аввали қироати таҳқиқ, Мӯсо Мӯътамидӣ, мақоми аввали ҳифзи кулли Қуръони Карим тиловат карданд ва сипас Мунир Муҳаммад узви ҳайъати доварон аз кишвари Сурия ибтиҳол хонд.
Аҳмад Абулқосимӣ, қории байналамилалӣ ва мудири шабакаи радиои Қуръони Карим, оёте тиловат кард ва сипас Муҳаммадӣ бо табрики иди саъиди мабъаси Паёмбари Аъзам(с) гуфт: Худоро шокирем, ки ин давра аз мусобиқотро бо шиори “Як китоб - як уммат” бо ҳузури намояндагони қуръонӣ аз 83 кишвар ва бо ҳузури ҳудуди 400 шахсияти қуръонӣ -ҳофиз, қорӣ, довар ва муҳаққиқ- баргузор кардем. Имсол барои аввалин бор дар Эрон ва кишварҳои исломӣ, ҳамзамон панҷ мусобиқаи байналамилалӣ - мусобиқаи туллоби улуми динӣ ва мусобиқоти байналамилалии бонувон барои аввалин бор, мусобиқоти ҳифз ва қироати бузургсолон, мусобиқоти Қуръони донишомӯзони духтару писар ва мусобиқоти нобиноён - баргузор шуд. Намоишгоҳи қуръонӣ бо 18 унвон барои кӯдакон, навҷавонон ва ҷавонон мисли сабки зиндагии қуръонӣ ҳам доир шуд. Даҳумин давраи ҳамоиши пажӯҳишҳои қуръонӣ низ бо 400 мақола баргузор шуд.
Поёнбахши ин маросим суханони оятуллоҳ Хоманаӣ буд. Эшон дар бахше аз суханони худ фармуданд: Имрӯз дар саросари дунёи Ислом ҳар коре дар ҷиҳати фаҳму тарвиҷи Қуръони Карим анҷом гирад яке аз бузургтарин ҳасанот аст, ки метавон тасаввур кард.
Эшон дурӣ аз Қуръон ва бегонагӣ бо он ва мафоҳими осмонии онро мушкили бузург дониста роҳи ҳаллро талош барои боло бурдани фарҳанг ва маориф ва мафоҳими Қуръони карим донистанд, ки ниятҳоро бояд холис кард ва барои Худо ва дур аз ҳавоҳои нафсонӣ ва ангезаҳои гуногун бояд амал кард то дар пешгоҳи Худованди Мутаол маъҷур бошем.
Бознависӣ аз Iqna