Саъид Парвизӣ, мақоми аввали 34-умин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Ҷ. И. Эрон дар риштаи қироат гуфт, ки севумин бор аст, ки дар дидор ва ҳузури раҳбари Ҷ. И. Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ тиловат доштаат, ки хушбахтона ҳиссу ҳоли бисёр хуб буд.
Вай афзуд: Баъд аз тиловат барои арзи иродат ба маҳзари эшон рафтам. Хушбахтона эшон аз тиловати ман хурсанд буданд ва фармуданд, ки бисёр олӣ тиловат кардаам махсусан он ҷое, ки шабеҳи Абдулфаттоҳ Шаъшоӣ (қории мисрӣ) хондам, бисёр писандиданд ва гуфтанд идома диҳам.
Ман гуфтам: Мумкин аст мардум сабки Абдулфаттоҳро дарк накунанд, ки эшон фармуданд, ки ишколе надорад шумо кор худро анҷом диҳед.
Ин қории байналмилалӣ гуфт: Ҳамчунин яке аз дӯстон аз ман хоста буд, ки суфориш кунам эшон дар ҳаққи дӯстам дуо кунад, ки иҷобат шуд ва дар поён низ аз эшон дархости ангуштариашонро доштам, ки фармуданд, ки бароятон фиристода мешавад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ҳарсола баъд аз поёни мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим, ширкаткунандагон бо раҳбари Ҷ. И. Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ дидор ва қориёни бартар тиловат мекунанд.
Бознависӣ аз Iqna
Шумо идома диҳед
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1391