«Ҳайсам Сафар Аҳмад», ҳофизи 26 сола аз Кения, ки ба марҳалаи ниҳоии сиву чорумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳ ёфтааст гуфт: Ҳифзи Қуръонро аз синни 10 солагӣ шурӯъ кардам ва дар муддати ҳашт моҳ пас аз он ки тамоми барномаҳои дарсӣ ва саргармии худро канор гузоштам ва вақтамро дар ҳифз сарф кардам, муваффақ шудам кулли Қуръони Каримро аз бар кунам.
Замоне ки ҳифзи Қуръонро шурӯъ кардам тасаввурам ин буд, ки бахше аз барномаи зиндагиямро бар асоси он пеш бибарам, чун волидайнам гуфта буданд, ки Қуръон, равиши зиндагии беҳтарро нишон медиҳад, аммо бо ҳифзи он фаҳмидам кулли зиндагӣ, Қуръон аст ва ҳаргиз наметавонам аз он ҷудо шавам ва шахсияти паёмбарон(а) дар Қуръон, улгуи ман барои беҳтар зистан ва дуруст рафтор кардан воқеъ шуд.
Барои дарки мафоҳими Қуръон ба дарси хусусӣ рафтам ва тарҷума ва тафсири Қуръонро ёд гирифтам чун бе дарки мафоҳими Қуръон, наметавон баҳраи кофӣ ва вофиро аз ин китоби осмонӣ бурд.
Дар мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими кишварҳои Миср, Баҳрайн, Либия ва Танзания низ ширкат кардаам, ки дар мусобиқоти Танзания рутбаи нахустро касб кардам ва бо таваҷҷӯҳ ба иҷрое, ки дар ин давра аз мусобиқоти Ҷ. И. Эрон доштам, ба овардани рутба бисёр умедвор ҳастам.
Мусобиқоти Қуръони Карим дар Ҷ. И. Эрон бисёр бошукӯҳ ва мунсаҷим баргузор мешавад ва ман ифтихор мекунам, ки ба ин рӯйдоди азими қуръонӣ даъват шудаам ва хушҳолам бо касоне рақобат мекунам, ки аз назари фаннӣ дар сатҳи боло ҳастанд.
Қуръони Карим тамоми дилҳоро ба ҳам пайванд медиҳад. Бо пайравӣ аз дастуроти ин китоби бузург мусулмонон метавонанд ба ин ҳақиқат бирасанд, ки тафовут дар равиши зиндагии онҳо ва расидан ба аҳдофи олӣ, ки ҳамон ризои Худованд аст, вуҷуд надорад.
Кения кишвари ғайри исломӣ аст ва ҳеҷ гуна барномаи қуръониро ҳимоят намекунад ва фаъолиятҳои қуръонӣ дар он маҳдуд ва бештар ба сурати хусусӣ аст. Ба унвони як ҳофиз, шогирдони навҷавони зиёде дорам, ки ба онҳо ҳифз ва тарҷумаи Қуръони Каримро хусусӣ омӯзиш медиҳам.
Ҷавонони мусулмон бидонанд, ки ҳама он чӣ инсон барои зиндагии саодатманд ниёз дорад, дар ин китоб нуҳуфта аст ва тавсия мекунам, ки ҷавонон пеш аз ҳар илме, илми Қуръонро фаро гиранд, зеро комил ва ҷомеъ аст ва роҳи расидан ба хушбахтӣ ва растгориро кӯтоҳтар мекунад.
Ёдовар мешавад, сиву чорумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карим дар Ҷ. И. Эрон аз 19 апрел то 25 апрел дар мусаллои бузурги имом Хумайнӣ дар Теҳрон пазирои қуръондӯстон аст.
Бознависӣ аз Iqna