Оини ифтитоҳияи сиву чорумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Карими Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз асри имрӯз 19 апрели 2017 дар шабистони аслии мусаллои имом Хумайнӣ оғоз шуд.
Ин рухдоди муҳимми Қуръонии ҷаҳони Ислом бо тиловати Сайидҷаводи Ҳусайнӣ аз қориёни байналмилалии Ҷ. И. Эрон аз сураи муборакаи Фатҳ шурӯъ шуд.
Дар ин маросим оқои Алӣ Муҳаммадӣ раиси созмони авқоф ва умури хайрия сӯҳбат намуда Сайидризо Солеҳи Амирӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ баёнияи раёсати ҷумҳуриро қироат кард.
Дар идома Алӣ Лориҷонӣ, раиси маҷлиси шӯрои исломӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин пас аз пахши клип ва иҷрои тавошиҳ тавассути гурӯҳи “Боқирулулум”, Ҳомид Вализода, қории бартари сиву севумин давраи мусобиқоти байналамилалии Қуръони Карими Ҷ. И. Эрон бо муҷрии барнома гуфтугӯи мухтасаре анҷом дод.
Ин мусобиқот дар чанд ришта барои мардон ва бонувон ва донишомӯзон ба муддати ҳудуди як ҳафта баргузор хоҳад шуд.
Бознависӣ аз Iqna
Оғози яке аз бузургтарин рухдоди Қуръонии ҷаҳони Ислом
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 849