Ҳамоиши байналмилалии “Мусулмонон ва ҷаҳон” рӯзи 11-12 моҳи март дар шаҳри «Аммон» пойтахти Урдун баргузор мешавад.
Баррасии «Даргириҳо ва ҷангҳои мазҳабӣ дар ҷаҳони Ислом», «Гуфтмони нафрат дар расонаҳо», «Аҳамияти навгароии фикрӣ ва фарҳангӣ дар бинои уммат» ва «чолишҳои қарни бисту яки мелодӣ барои ҷаҳони Ислом» аз ҷумла мавзӯъот ва меҳварҳои ин ҳамоиш хоҳад буд.
Ин ҳамоиш ба ҳиммати анҷумани байналмилалии миёнарави Урдун ва бо ҳузури андешамандон ва соҳибназарон аз кишварҳои исломӣ баргузор хоҳад шуд. Ин анҷуман аз созмонҳо ва марокизи пажӯҳишии исломӣ ва байналмилалӣ барои ҳузур дар ин ҳамоиш даъват намудааст.
«Содиқ Маҳдӣ» раиси анҷуман, «шайх Абдулфаттоҳ Мавру» аз муассисони ҷунбиши наҳзати исломии Тунис, «Абдулатиф Ҳамим» раиси идораи авқофи аҳли суннати Ироқ ва «Аҳмад Довуд Уғлу» нахуствазири пешини Туркия аз ҷумла шахсиятҳои барҷастаи ҳозир дар ин ҳамоиш хоҳанд буд.
Бознависӣ аз Iqna
Ҳамоиши байналмилалии “Мусулмонон ва ҷаҳон”
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 1006