Абдулмолик Аҳмад Идрис узви ҳайати илмии донишгоҳи ал-Қазрафии Судон бо мавзӯъи «Баррасии гиёҳони доруӣ дар Қуръон» дар ҳамоиши байналмилалии мутолиоти миёнриштаии Қуръони Карим суханронӣ кард.
Ӯ дар оғози суханонаш гуфт: Мо бархе аз гиёҳони доруиро, ки дар Қуръони Карим зикр шудаанд, баррасӣ кардем. Ин гиёҳон дар илми муосир ҳам мутолеа мешаванд. Ҳадаф баёни зарурати диққат дар Қуръон барои дармони бемориҳост. Равиши мо таҳлилӣ-тавсифӣ ва татбиқӣ аст. Муҳимтарин натиҷа ин аст, ки хосияти доруҳое, ки дар Қуръон зикр шудаанд дар илми имрӯзӣ исбот шудааст. Ин аз мӯъҷизаи илмии Қуръони Карим аст.
Вай афзуд: Дар Қуръон анвоъи гуногун аз гиёҳон ва бархе дар аҳодиси набавӣ зикр шудааст. Бо баррасии Қуръони Карим ва татбиқи он бо пажӯҳишҳои илмӣ, мусулмонон метавонанд бори дигар дар пизишкӣ пешқадам бошанд. Ин матлаб метавонад мардумро ба дини Ислом даъват кунад. Пас аз бисёре аз оёте, ки номи гиёҳони доруӣ зикр шудааст, мардум ба тафаккур ва шукр даъват шудаанд. Гиёҳон нақши асосиро дар занҷираи ғизоӣ бозӣ мекунанд. Таркиботи карбу ҳидроти ҳосил аз гиёҳон ба тағзияи башар табдил мешаванд. Худои Таоло гиёҳро маншаъи тағзия ва дармон қарор додааст ва ин масоилро 1400 сол пеш зикр намудааст. Ба хотири ғафлат аз оёти Қуръони мо мабоҳиси онро дар хусуси гиёҳон фаромӯш кардаем ва ба сӯроғи доруҳои химиявӣ рафтаем, ки нотавонии онҳо имрӯз исбот шудааст. Доруҳои нав танҳо дарди хоссро дармон мекунад ва аворизи зиёдеро дар пай дорад.
Ин устоди донишгоҳ дар поён гуфт: Дар Қуръон аз сир, пиёз, банан, анор ва ангур ёд шудааст. Гиёҳон ба ду даста тақсим шудаанд, ки барои бархе рутба зикр шуда ва бархе танҳо ном бурда шудаанд. Ин масъала нишон медиҳад, ки Қуръони Карим барои нахустинбор ба тақсимбандии гиёҳони доруӣ пардохтааст. Ин масъала нишон медиҳад, ки гиёҳоне, ки рутбаашон ном бурда шуда, бештар барои дармон ба кор бурда мешаванд. Гиёҳоне, ки чанд бор ном бурда шудаанд барои муолиҷаи бемориҳо ба кор бурда шуда осори муфидтаре доранд.
Бознависӣ аз Iqna
Пешрафти пизишкӣ ниёзманди диққат дар Қуръони Карим
- زیر مجموعه: Хабарҳо
- بازدید: 980