Забони форсӣ яке аз даҳ забони қадимие эътироф шудааст, ки то имрӯз ҳифз шуда ва хеле густарда истифода мешавад. Маҷаллаи маъруфи “Культура” дар канори забони форсӣ, забонҳои томилӣ (ҷануби Ҳинд), литвониёӣ, исландӣ, ибрӣ, мақдунӣ, боскҳо, финӣ, гурҷӣ ва ирландиро оварда хусусияти забонҳоро вобаста ба равандҳои биологӣ, гузариши тадриҷӣ аз як насл ба насли дигар арзёбӣ кардааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки забони форсӣ  бо миқдоре тафовут бештар дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон гӯянда дорад, ки имрӯз ҳам матнҳои 900 сол пешро мехонанду мефаҳманд, ки чунин имконро англисзабонҳо надоштаанд. Ҳамчунин омадааст, ки эрониҳо тавонистаанд “ширинӣ” ва шевоии забони форсиро то кунун ҳифз намудаанд.

Забони форсӣ аз гуруҳи забонҳои ҳиндуаврупоист, ки ба шохаи ҳиндуэронии ин оилаи забонҳо марбут мебошад. Ҳоло ин забон дар фазои Осиёи Миёна, моварои Қафқоз, Афғонистон ва дигар кишварҳои ҷануби Осиё пахш шуда гӯяндагони зиёде дорад. Дар Тоҷикистон дар баробари забони форсӣ - тоҷикӣ забонҳое чун бедабираи яғнобӣ, язгуломӣ, шуғнонӣ (рушонӣ, хуфӣ) ва вахию ринӣ (ишкошимӣ) ҳаст, ки ба гуруҳи забонҳои эронӣ мансуб мебошанд.

Бознависӣ аз Озодагон

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст