Бонувони ғайри мусулмони шаҳри Канберра пойтахти Австралия бо пушидани ҳиҷоби исломи ва эҳдои гул, паёми ҳамбастаги худро ба мусулмонон эълом карданд.
Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Қуръон Икно, як ҳафта пас аз шиддат гирифтани изҳороти зидди исломи дар Австралия ва талоши сиёсатмадорон барои мамнуъ кардани ҳиҷоб, 10 бонуи Австралияи бо эҳдои
шохаҳои гул зимни ширкат дар ҷашни иди Қурбон, ҳимояташонро аз ҳамшаҳриёни мусулмони худ эълом карданд.
Онҳо дар се нуқтаи мухталифи шаҳри Канберра гирди ҳам омаданд ва зимни пушидани ҳиҷоби исломи, шохаҳои гулеро ба бонувон ва кудакони ширкаткунанда дар ҷашни иди Қурбон эҳдо карданд.