Саъд ал Ғомиди, қори барҷастаи байналмилали меҳмони вижаи понздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилаи Қуръони Карими Россия аст ки аз имрӯз, 20 сентябр оғоз мешавад.
Ба нақл аз хабаргузории қуръони Икно, Саъд ал Ғомиди яке аз қориёни барҷастаи Қуръон ва мутаваллиди шаҳри Дамони Арабистон аст ва солҳо дар масҷидҳои Австрия, Англия ва Америка ба тиловати Қуръон пардохта аст.
Понздаҳумин давраи мусобиқоти байналмилали Қуръони Карими Россия бо ҳузури 35 кишвар дар ду риштаи ҳифз ва қироат дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд.
Кишвари Россия бо ду намоянда аз ҷумҳурии Чечен ва ҷумҳурии Татаристон дар ин мусобиқот ҳузур хоҳанд дошт.
Ин рақобатҳо бо ҳимояти давлати Россия ба вижа вазорати умури хориҷаи ин кишвар баргузор хоҳад шуд.